Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 50 фоизи занони тоҷик, бори таъмини хонаводаро ба танҳоӣ мекашанд


Дар як таҳқиқоти ба тозагӣ анҷомшуда дар деҳоти Тоҷикистон омадааст, 75 фоизи занҳои деҳот аз ҳаққулзаҳматашон ба ивази кори сангину тоқатфарсо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ розӣ нестанд. Таҳқиқоти мазкур бо мусоидати Оҷонсии ҳамкории Шветсария дар Тоҷикистон, дар доираи барномаи «Мақому нақши занон дар бозори кор» сурат гирифтааст. Сафия Қосимова - масъули барнома, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин таҳқиқот, ошноӣ бо вазъи занон дар бозори кор будааст.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 70 дар сади занони деҳот, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чорвопарварӣ кор мекунанд ва музди корашон 20- 25 сомонӣ мебошад, ки баробар ба 8 доллар аст. Ӯ мегӯяд, ин дар ҳолест, ки беш аз 50 фоизи занон, бори таъмини хонаводаро ба танҳоӣ мекашанд ва танҳо 29 дар сад гуфтаанд, таъмини оиларо шавҳаронашон ба дӯш доранд.

Хонум Қосимова мегӯяд, яке аз роҳҳои афзалиятноки беҳбудбахшии вазъи занон дар бозори кор ба онҳо додани қарзҳои хурд аст, аммо дар ин самт низ монеаву мушкилот вуҷуд дорад, ки занон ба иллати онҳо аз гирифтани қарзҳо худдорӣ мекунанд. Ин мушкилот, ба ивази гарав додани қарзҳои хурд аст ва чандин намуди андози давлатӣ, ки аз соҳибкорон ситонида мешавад.

Сафия Қосимова меафзояд, дастрасии бештар ва огоҳонаи занон ба замин ҳамчун манбаи даромад, метавонад, дар роҳи коҳиш додани камбизоативу нодории занони деҳоти дурдасти кишвар нақши муассир дошта бошад.

Бибиҳоҷар Раҳимова, масъули барномаи "Зан ва Замин"- и Бунёди занони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе мегӯяд, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз ногоҳии занон аз ҳуқуқи хеш, аз нерӯи онҳо дар мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ сӯистифода мекунанд ва ба онҳо маоши ночиз медиҳанд. Ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ: "Занҳо вақте худашон соҳиби замин бошанд, метавонанд даромади хуб ба даст оранд, оилаҳояшонро таъмин кунанд ва боқии ҳосили худро ба бозор бароранд."

Раҳима Шокирова - сокини ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз мегӯяд, хонаводаи онҳо аз 12 нафар иборат аст, падараш 2 моҳ қабл ягона гови ширддеҳашонро фурӯхта ба Русия рафтааст, модараш ба ивази кораш дар саҳро 20 сомонӣ мегирад, зиндагии фақиронае доранд.

Вай мегӯяд, кор ва дар таъмини хонавода ба модараш кумак кардан мехоҳад, аммо: "Ҷойи кор нест. Танҳо аз ҷониби Бунёди Оғохон ба мо кор медоданд ва ба ивазаш маош мегирифтем, аммо ин барнома поён ёфт. Дар деҳаи мо занҳои бисёре аз нодорӣ азоб мекашанд."

Гурӯҳи ҷомеъашиносони тоҷик дар хулосаи таҳқиқоти анҷомшуда тавсия додаанд, ки ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайридавлатии масоили занонро мебояд, занҳои деҳотиро ҳарчӣ бештар аз қавонини байналмилалии муносиботи бозоргонӣ, баробарии ҷинсӣ огаҳ созанд. Ҳамчунин бояд дар Қонуни андози Тоҷикистон тағйирот ворид карда ва манофеи занони моил ба соҳибкории хурду миёна ба инобат гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG