Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои сафари президент Раҳмонов ба Кореяи Ҷанубӣ


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар садри як ҳайъати давлатӣ ба Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ сафар карда буд, пас аз суханронӣ дар Форуми ҷаҳонии низоми идораи давлат ва гуфтушунид бо сарону соҳибкорони Кореяи Ҷанубӣ ба ватан баргашт. Сухангӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифов мегӯяд, дар ин сафар президент Раҳмонов ҳамчунин аз корхонаи машҳури "Samsung Electronics" дидан кард ва соҳибкорони Кореяи Ҷанубиро ба иштироки васеътар дар иқтисодиёти Тоҷикистон даъват намуд. Вай дар дидор бо соҳибкорон гуфт, кишвараш имкониятҳои зиёде барои истифодаи сармоягузориҳо дар риштаҳои гуногун дорад. Раёсати ширкати "SKA - Telecom"-и Кореяи Ҷанубӣ дар ин вохӯрӣ эълон кард, ки ба зудӣ намояндагии худро дар Тоҷикистон боз хоҳад кард.
Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ аз соли 1992 ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ монда, махсусан дар ташкили корхонаҳои муштараки саноати сабук ва навсозии хатҳои телефони Тоҷикистон комёб будаанд. Дар айни замон созишномаҳои ба истилоҳ, фючерсӣ бо сармояи Кореяи Ҷанубӣ, ки пешопеш пахтаи солҳои ояндаи кишоварзони тоҷикро харидорӣ кардааст, бо сӯиистифода рӯбарӯ гаштаанд.
Дар суханронии худ дар форум, Раҳмонов гуфт, бе ислоҳи пурраи низоми идорӣ рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон номумкин аст.
XS
SM
MD
LG