Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Занги охир" ҷомеъаро бедор хоҳад кард ё на?


Боби аввал. Иди расмӣ ва ғайрирасмӣ.

Борони баҳорӣ имкон надод, ки имсол занги охир дар берун аз бинои мактабҳо ҷашн гирифта шавад ва хатмкунандаҳо маҷбур буданд, ин идро дар толорҳои фарҳангиву варзишӣ гузаронанд ва тангии макону одами бисёр мушкил эҷод кард. Лекин ба ин нигоҳ накарда хатмкунандгон, зебову болидарӯҳ ба назар мерасиданд. Либосҳои шинаму зебо ва мӯйҳои ороишёфта аз он гувоҳӣ медоданд, ки соҳибҷашнҳо ба ин рӯз омодагии вижа дидаанд. Онҳо мегӯянд:
"Ман дар мактаб бисёр бачаи шӯх будам, лекин дарсҳоро нағз мехондаму камтар аз дарсҳо низ мегурехтам. Бисёр хурсандам, ки ҳамсинфони хуб доштам ва орзу мекунам, ки онҳо шоду хурсанд бошанд".
"Ҳамааш хуб аст, ман танҳо мехоҳам, ки ҳамсинфонам моро фаромӯш накунанд".
Ҷавонон баъз аз садои занг ба сайругашти идона баромаданд. Мо сӯҳбати худро бо онҳо дар хиёбонҳо идома медиҳем, чун ки шинохтани хатмкунандагон ҳеҷ душвор нест, ҳамаи онҳо дар китф аз матоъи сурх наворҳои дорои навиштаҷоти "хатмкунанда"-ро доранд.
Имсол низ чун соли гузашта бо қарори Вазорати маорифи Тоҷикистон ба хатмкунандагон дар тарабхонаҳо ва берун аз шаҳр бошукӯҳ ҷашн гирифтани занги охир иҷозат дода нашуд. Ин қарорро вазорати маориф бо ҳадафи кам намудани харҷҳои барзиёд ва пешгирии ҷинояткориву бетартибии наврасон ба тасвиб расонидааст. Шодигул Муродбекова, муаллимаи мактаби 61 пойтахт мегӯяд, онҳо барои дар амал татбиқ намудани ин қарор, назорати ҷиддӣ бурда, нагузоштанд, ки хонандагон аз шаҳр берун раванду дар тарабхонаҳо базм ороянд. Аммо теъдоди аъзами хатмкунандагон гуё пинҳони аз омӯзгорон муовофиқи табъи худ ин рузашонро хотирмон карданд.
Ба гуфти мусоҳибонам имсол барои шабнишиноҳо аз ҳар як хатмкунанда аз 100 то 150 сомонӣ ҷамъ карда шудаст, ки ин такрибан 33 доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва музди моҳонаи чанд омӯзгори тоҷик низ ҳаст.

Фасли сонӣ. Рӯзи баъд аз пагоҳ.

Бо садо додани занги охир хатмкунадагон барои ҳамешагӣ деворҳои макотиби миёнаро тарк мекунаду бори мустақилонаи зиндагиро бар дӯш мегиранд.Ҳар яки онҳо орзуву нақшаҳои мухталиф доранд. Бархе мехоҳад, муҳассили донишгоҳҳои олии кишвар гардад, дигарон аз пайи косибӣ мераванд. Аксари он ҷавононе ки таҳсили худро дар макотиби олии кишвар идома доданиянд, мегӯянд дар сурати дохил нашудан ба таълимгоҳҳо ҳатман ба коре андармон хоҳанд шуд. Рахти сафар ба Руссия мебандем мегӯянд, писарон ва ё волидонамон моро ба шавҳар медиҳанд, бо таассуф иброз медоранд духтарон.
Иқтисодшинос Ваҳоб Воҳидов мегӯяд, Тоҷикистонро танҳо мутахассисони тоҷик метавонанд обод намоянд, вале ба назар мерасад, ки ғолибан ҷавонони тоҷик бидуни гирифтани маълумоти олӣ, аксаран роҳ сӯи муҳоҷират мегиранд ва пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, бо кори доимӣ таъмин намешаванд. Оқои Воҳидов аз ҷумла афзуд, агар дар ояндаи наздик корхонҳои фаъолнабударо ба кор андозанд, аз ҳисоби қувваи кории ҷавонон, даҳҳо ҳазор кормандони баландихтисос лозим мегардад. Аммо мушкил ин ҷост ки хатмкунандаҳое ки имрӯз роҳи мардикориро дар хориҷи кишвар пеш мегиранд, дар ҷомеи фардо наметавонанд, мавқеи муайяни худро пайдо намоянд.Чун дониши кофӣ надоранд.То он замон ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҷавонони худ шароити хуби таълимиро ба роҳ намонад, дар бобати пешрафти иқтисодиёти тоҷик ҳарф задан душвор аст, гуфт ҷаноби Воҳидов.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG