Пайвандҳои дастрасӣ

228 ҳазор нафар ҷавон мактаби миёнаро хатм карданд


25-уми май дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон маросими "Занги охир" баргузор гашт, ки маънии хатми давраи таҳсили хонандагони синфҳои 11 ва 9-и кишварро дорад. Ба иттилоъи Вазорати маорифи Тоҷикистон имсол 228 ҳазор ҷавон таҳсилро дар мактабҳои миёна ба поён расонданд. Бахши аъзами ин шумора, яъне 151 ҳазор нафарро хатмкардагони синфи 9 ташкил медиҳанд, ки таҳсили минбаъдаи онҳо пулакӣ мебошад. Баъд аз садои занг ҳазорон нафари онҳо ба сайругашти идона баромаданд. Имсол низ Вазорати маорифи Тоҷикистон ба хатмкунандагон дар тарабхонаҳо ва берун аз шаҳр бошукӯҳ ҷашн гирифтани занги охирро иҷозат надод. Ин қарорро вазорати маориф бо ҳадафи пешгирӣ аз харҷҳои барзиёд ва ҷинояткориву бетартибии наврасон ба тасвиб расонидааст. Аммо теъдоди зиёди хатмкунандагон пинҳонӣ аз омӯзгорон муовофиқи табъи худ ин рӯзашонро хотирмон карданд.
Имсол барои шабнишиниҳои идона аз ҳар як хатмкунанда 100-150 сомонӣ ҷамъ карда шуд, ки ин такрибан 33 доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ба моҳонаи чанд омӯзгори тоҷик баробар аст.
Фирӯзи Барот, Душанбе
XS
SM
MD
LG