Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абзори ташхиси HIV ва AIDS -- ҳадия ба пизишкони тоҷик


Ҳукумати Амрико ба пизишкони Тоҷикистон панҷ дастгоҳи ташхиси ангали HIV ва ё вируси камбуди нирӯи дифоъии бадани инсонро тақдим кард, ки нархи умумии онҳо ба ним миллион доллар баробар аст. Дар маросиме, ки ба ин муносибат дар Маркази миллии хунгузаронӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Ричард Хоугленд сафири Амрико дар Тоҷикистон, дастгоҳҳои мазкурро ба Нусратулло Файзуллоев вазири тандурурстии кишвар супурд. Вай гуфт, ин нишони пуштибонии ҳукумати Амрико аз кӯшишҳои Тоҷикистон дар мубориза алайҳи AIDS ва ё СПИД мебошад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар солҳои охир ба соҳаи беҳдошт ва тандурустӣ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар кӯмак кардааст, ки аз ин ҳисоб дар чаҳор моҳи соли равон ба маблағи беш аз 11 миллион доллар таҷҳизот, васоити беҳдоштӣ ва дорувор ба Тоҷикистон ворид гаштааст.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG