Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаҳои нави имдодии Ҷопон ба Тоҷикистон


Ҳукумати Ҷопон рӯзи 25-уми май се барномаи нави кӯмакҳои бебозгашт ба Тоҷикистонро муаррифӣ кард, ки аз сармоягузории 210 ҳазор доллари амрикоӣ иборат буда, ба риштаҳои маъориф, беҳдошт ва коҳиши бекории занон нигаронида шудаанд. Кордори муваққатии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, Коичи Миёши, дар ин робита ба Бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, тибқи ин барномаҳо яке аз мактабҳои таҳсили ҳамагонии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур бо тамоми ҷиҳози таълим таъмин гашта, дар 5 мактаби дигар муассисаҳои беҳдоштӣ тамрин дид. Ҳамчунин бо харҷи наздик ба 80 ҳазор доллар дар Душанбе маркази занон таъсис ёфт, ки садҳо зани бекор дар он ба омӯзиши кор дар компютер, ҳисобдорӣ ва забонҳои хориҷӣ шурӯъ карданд.
Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 ба сифати кӯмакҳои бебозгашт 130 барномаи мушаххасро дар ҳаҷми наздик ба 7 миллион доллар амалӣ кардааст ва мегӯяд, мадади худро ба риштаҳои иҷтимоӣ идома хоҳад дод. Ҷаноби Миёши гуфт, ёрии навбатии Ҷопон ба маркази минарӯбии Тоҷикистон нигаронида хоҳад шуд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG