Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикони Чин - нуфус ва фаъолияти онҳо дар мақомоти давлатӣ


Шинҷон - Хоруғ

Тоҷикони Чин яке аз миёни 14 миллате ҳастанд, дар вилояти Шинҷони Чин ба сар мебаранд ва теъдоди онҳо 41 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Бино ба гуфтаи доктор Ширин Қурбон, муаллифи китоби "Таърихи тоҷикони Чин" тоҷикон дар Урумчӣ, Қошғар, Ёркан, Хотан, Ёрпо ва қисмати умдаи онҳо наздики 28 ҳазор нафар дар Тошқӯрғон сукунат доранд. Ширин Қурбон гуфт, ҳафриётҳо мавҷудияти фарҳангу тамаддуни саккоиёнро дар манотиқи тоҷикнишини Чин ба чаҳор ҳазор соли қабл аз милод бастагӣ медиҳанд.

Аммо бархе тоҷикон аз дигар манотиқи ҳамҷавор ба инҷо кӯч бастаанд. Зулол Ёқуби 84-сола раиси тоҷикони Қошғар афзуд, тибқи ривоят чаҳор гурӯҳ аз водии Ғунди Шуғнон ба Вашикдеҳ, ки сокинони маҳаллӣ Тошқӯрғонро чунин ном мебаранд, омада, вобаста ба натиҷаи сабқати аспдавонӣ замини маҳалро, ки моли касе набудааст, байни худ тақсим мекунанд.

Ҳикояти ӯро инҷо бишнавед

Сокинони маҳаллӣ бо забони сарикӯлӣ яке аз шохаи забонҳои эронӣ гуфтугӯ мекунанд, ки он ба забони сокинони Вахони Тоҷикистон қаробати наздик дорад. Ноҳияи тоҷикнишини Тошқӯрғон маркази маъмурӣ ва 11 деҳоти хурду бузургро дар бар мегирад. Дар маркази ноҳия биноҳои ободи маъмурӣ, зеботарини онҳо маркази мадании тоҷикони Чин, ки ду сол қабл ба ифтихори 50-солагии таъсиси ноҳияи тоҷикнишини Тошқӯрғон бунёд шудааст, қомат рост кардаанд.

Раиси ноҳияи Тошқӯрғон Рӯзигулбой тоҷик аст. Таълим дар макотиб ба забонҳои чиноӣ ва ӯйғурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин ҳол суруду таронаҳои тоҷикӣ қариб дар ҳар қадам дар ин ноҳия садо медиҳанд. Аскар яке аз алоқамандони савту навои тоҷикӣ гуфт: "Мо тоҷикони Чин таронаҳои Тоҷикистонро дӯст дорем, яъне оҳангҳои Манижа Давлатова, Маликаи Саидзод, Кароматулло Қурбон, Лидуш Ҳабибро дӯст медорем."

Ин суханонро аз забони худи Аскар бишнавед

Сокинони Тошқӯрғон асосан ба чорвопарварӣ, зироаткорӣ ва тиҷорат шуғл меварзанд. Қошғар дуввумин минтақаи Шинҷон пас аз Тошқӯрғон аст, ки теъдоди зиёди тоҷикон дар он ба сар мебаранд.

Мирзо Дӯстмуҳамад яке аз масъулини устондории Қошғар баён дошт: "Дар маориф, фарҳанг ва соҳаи ҳарбӣ кор мекунанд. Дар ҳама ҷо кор мекунанд. Дар шаҳри Қошғар 45 оила, тақрибан 500 нафар кор мекунанд, духтуранд, муаллим ҳастанд, дар ҳукумат кор мекунанд."

Оид ба таърих, фарҳанг ва фолклори тоҷикони Чин, намояндагони ин миллат, ки дар пажӯҳишгоҳҳои илмии маркази Шинҷон кор мекунанд, таҳқиқоти зиёдеро ба забонҳои чиноӣ ва уйғӯрӣ дастраси хонандагон кардаанд. Ин пажӯҳишгарон, ки ду нафарашон унвони доктори илм доранд, ҳамчунин дар тартиб додани интишорот таҳти унвони "Чеҳраҳои шинохтаи шарқ" ширкат намуда, дар муаррифии илму адаби форсу-тоҷик ба мардуми Чин саҳм гузоштаанд.

Бархе аз пажӯҳишгарон мавҷудияти тоҷикон дар Чинро ба натоиҷи марзбандӣ дар авохири қарни 19-ум марбут медонанд. Доктор Ширин Қурбон ба ин назар аст, ки дар чунин вазъият ба мисле, ки тоҷикон дар Тоҷикистон зери таъсири фарҳанг ва забони русӣ ва тоҷикони Покистон таҳти таъсири забони урдӯ ва инглисӣ қарор гирифтанд, зери нуфузи забону фарҳанги чиноӣ ва уйғӯрӣ мондани тоҷикони Чин, як амри воқеъӣ мебошад, ки аз шароити таърихӣ бармеояд.
XS
SM
MD
LG