Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳкум ба зиндони шудани аъзои гурӯҳи "Байъат"


Додгоҳи вилояти Суғд, ҳафт нафарро, ки дар узвият ба гурӯҳи "Байъат" муттаҳам мешуданд, дар таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва судури як идда ҷиноёти вазнин, аз ҷумла куштор, сӯиқасд ва дуздиву ғоратгарӣ гунаҳкор донист ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.
Бо ҳукми додгоҳ Сайдулло Мадёров ба 25 соли зиндон, Ҳодӣ Фаттоев ба 14 соли зиндон ва панҷ узви дастаи ин гурӯҳ ба мӯҳлатҳои аз 6 то 20 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ Сайдулло Мадёровро барои ҳамдастӣ дар қатли рӯҳонии баптистҳо дар ибтидои соли 2004 дар ноҳияи Исфара муҷрим донист. Сергей Бессараб сарвари калисои баптистҳои Исфара дар аввоили моҳи феврали соли гузашта ҳангоми ибодат дар ибодатгоҳи баптистии таввасути автомати Калашников кушта шуда буд.
Аммо Айюб Шаҳобиддинов, узви гурӯҳи "Байъат" ва гумонбари аслӣ дар қатли Сергей Бессараб аз Исфара фирор карда ва то кунун боздошт нашудааст. Додситонӣ ва додгоҳи вилояти Суғд пас аз тафтиши тӯлонӣ дар ниҳоят "Байъат"-ро, ки қаблан гурӯҳи тундрави исломӣ мехонданд, танҳо як гурӯҳи ҷиноӣ эълон карданд. Абдуғаффор Қаландаров - додситони Суғд дар ин маврид гуфт, ин танҳо як гурӯҳи мутташакили ҷиноӣ аст, ки характери динӣ ва сиёсӣ надорад ва ҷиноёти онҳо ба зидди амнияти миллӣ ва суботи Тоҷикистон равона нашудааст.
Вале Файзиниссо Воҳидова, яке аз вакилони дифоъи маҳкумшудагон гуфт, ҳамаи ҳафт маҳкумшудаи гурӯҳи "Байъат" иброз доштаанд, ки маъмурони интизомӣ онҳоро шиканҷа додаанд, то ба ҷиноятҳои нокарда иқрор шаванд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG