Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми иҷро гирифтани созишномаи нави сафар


Сар аз рӯзи 24-уми май, рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар аз тариқи шиносномаҳои хориҷӣ сурат мегирад. Тоҳир Аҳмадов, мудири бахши консулгарии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз субҳи 24 май сар карда шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ сафар мекунанд.
Комил Мирзоалиев - муовини сардори идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, шурӯъ аз субҳи 24 май ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус мусофират ихтиёр кардаанд, бе шиносномаи хориҷӣ чипта фурӯхта нашуд: "Оре, танҳо тибқи шиносномаҳои хориҷӣ билет мефурӯшем, чунки мо қаблан тариқи радио ва телевизион дар ин бора эълом дода будем."
Тибқи иттиллои бахши раводид, сабти ном ва шиносномадиҳии вазорати дохилаи Тоҷикистон, тайи се соли ахир бошад, ҳудудан 400 000 нафар сокини кишвар ҷиҳати рафтуомад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо шиносномаи хориҷӣ дарёфт намудаанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG