Пайвандҳои дастрасӣ

Камбизоатӣ як қотили дигари модару атфол дар Тоҷикистон


Нигина Шарофова - ноиби вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, мушкилоти дар хона таваллуд кардани занҳо ва дар натиҷаи он афзоиши маргу мири занону кудакон дар Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Хатлон ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Хонум Шарофова дар як нишасти хабарӣ гуфт, аз сафари ахире, ки ба вилояти Хатлон доштааст, рӯшан гаштааст, ки аксари муассисаҳои тиббӣ дар навоҳии ин вилоят аз оддитарин шароити беҳдоштӣ ба мисли об, маводи аввалияи беҳдоштӣ ва нақлиёт маҳрум будаанд: "Вазъ бахусус дар вилояти Хатлон, Бадахшон ва навоҳии тобеъи пойтахт басо нигаронкунанда аст."

Аммо Евгения Нарзуллоева - мудири Пажӯҳишгоҳи марказии ҳифзи модару кӯдак мегӯяд, мутобиқи омори расмии ахир, маргу мири занону кӯдакон ҳангоми таваллуд ва баъди он, дар сартосари кишвар ба беш аз 45 дар сад расидааст, аммо мегӯяд вай, ин рақамҳо воқеъӣ нестанд ва шояд чандин маротиба бештар бошанд:

"Ҳукумат барои ҳар таваллуд ҳамагӣ 41 дирам, ё 25 дар сади масрафҳоро ба ӯҳда гирифтааст, боқии он аз куҷо масраф мешавад, албатта аз ҳисоби худи беморон, Ин ҳам яке аз сабабҳои аслии ба таваллудхона наомадани занҳо мебошад. Сабаби дигар ба назари ман, ногоҳии занҳо ва аҳли оила аз хатар ва паёмадҳои ногувори таваллуд дар хона мебошад. Масалан дар ду моҳи соли равон ба маркази мо 9 занро оварданд, ки дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор доштанд. Мутаасифона аз ин миён мо ду нафарро натавонистем аз марг наҷот диҳем, зеро дер шуда буд."

Дар ҳамин ҳол Шамсиддин Қурбонов - мудири маркази миллии ҳифзи саломатии назди вазорати беҳдошти кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз роҳҳои муфидтарини коҳиш додани зойиши хонагӣ ва маргу мири занону кӯдакон, тақвияти бештари ҳамкории ниҳодҳои ҳукуматӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва огоҳонидани ҳарчӣ бештари мардум бахусус дар манотиқи дурдаст мебошад. Ҷаноби Шамсиддинов афзуд:

"Феълан намояндагии Созмони Милал дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва тибқи барномаи рушди ҳазорсола як лоиҳае барои Тоҷикистон таҳия гаштааст, ки 12,5 миллиард доллар арзиш дорад. Барои онро амалӣ кардан ва ин маблағҳоро ба кишвар ворид кардан набояд, ҳақиқати ҳолро пинҳон дошт, яъне маргу мири занону кудаконро на 16, 17 ё 46 балки 80 то 120 бояд гуфт."

Мувофиқи омори вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар соли 2003-ум 65, дар соли 2004-ум 70 ва дар 5 моҳи соли 2005 бошад, 17 ҳодисаи фавти занону кӯдакон ба қайд гирифта шудааст, ки 46,8 дар садро аз 100 000 ҳодисаи таваллуд ташкил мекунад. Аммо бар асоси таҳқиқоти ахири ниҳодҳои беҳдоштии ғайридавлатӣ ҳодисаи маргу мири занон ҳангоми таваллуд 120 бар 100 000 таваллуд будааст.
XS
SM
MD
LG