Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабабҳои тамдиди фаъолияти Дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон


Ба чӣ далел фаъолияти Дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон тамдид шуд?

- "Дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон моҳи июни соли 2000 таъсис ёфтааст. Аз он замон то кунун бо роҳи тамдиди фаъолияти худ ба муддати як сол амал мекунад. Тамдид шудани фаъолияти он то соли 2006 бар асоси дархости ҳукумати Тоҷикистон ва мутобиқ ба номаи ирсолии махсуси дабири кулли Созмони Милал унвонии Шӯрои Амният сурат гирифтааст. Бар асоси ин Шӯрои Амният фаъолияти Дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистонро бо таваҷҷӯҳи зиёд омӯхт. Ва дар пайи ин дар Шӯрои Амният гуфтугӯи ҷолиб ва судманде низ сурат гирифт. Бар асоси ин гуфтӯгу тасмим гирифта шуд, ки фаъолияти Дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милал то як соли дигар дар Тоҷикистон тамдид гардад."

Оё метавон гуфт, тамдиди фаъолияти шумо аз он сабаб аст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз авомиле вуҷуд доранд, ки метавонанд, суботи ин кишварро халалдор созанд?

- «Имрӯз метавон аз истиқрори сулҳу суботи комил дар Тоҷикистон сухан гуфт. Вале бо ин ҳама бархе аз авомили дохиливу хориҷӣ метавонанд ба субот ва раванди бебозгашти сулҳ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд, ба таври дигар ҳанӯз ҳам ин раванд осебпазир аст. Дар ин росто метавон аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва дар заминаи он боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ ном бурд.
Ҳамчунин зарурати таҳкими равандҳои мардумсолорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқи башар ва мубориза бо фасоди молӣ аз дигар мушкилот дар ин самт ба ҳисоб мераванд.

Набуди роҳкорҳои муносиб дар ин самт ва ҳамчунин адами механизмҳои ҷилавгирӣ аз низоъҳо ин ҳама як навъ таҳдид дар баробари сулҳу суботи ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Аз нигоҳи мо, ҳалли ин масоил ба кӯмаку таваҷҷӯҳи раҳбарияти Тоҷикистон сахт бастагӣ дорад. Дар робита ба ин мехоҳам, ҳамчунин аз сатҳи баланди бекорӣ ва зарурати афзоиши ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон ва низ таҳкими обрӯи ин кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар шавам. Ҳадафи аслии мо мусоидат ба таҳкими вазъи сиёсии ором дар Тоҷикистон аст, вазъе, ки дар он раванди сулҳу субот ба таври бебозгашт таъмин гардад. Бо ин ҳадаф мо дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Тоҷикистон чор самти аслии фаъолиятро мушаххас намудаем. Дар қадами аввал, ҷиҳати рушди бештари ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон ва идомаи муҳовараву таҳкими эътимод миёни гурӯҳҳои гуногуни сиёсии ин кишвар талош меварзем.

Ҳамчунин дар ин самт бо намояндагони васоити ахбори умум ва порлумони нави Тоҷикистон ҳамкориро идома хоҳем дод. Ин ҳама дар доираи тарҳи махсус мавриди иҷро қарор мегирад.
Дар доираи барномаи дигар ба ҳукумати Тоҷикистон дар амри таҳияи гузоришҳояш доир ба ҳуқуқи башар кӯмак мерасонем.
Дар чаҳорчӯби барномаи таъмини волоияти қонун бо ҳадафи анҷоми ислоҳот ҳамкориро бо вазорати дохилаи Тоҷикистон идома медиҳем. Самти чоруми фаъолият шомили тарҳест, ки он тақвияти фарҳанги сулҳ ва ҷилавгирӣ аз хушунату низоъ дар Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар доираи ин тарҳ коршиносону мураббиёнро омода месозем ва онҳо бо баргузории нишасту мизи гирдҳои махсус дар саросари навоҳии кишвар дар ин кор саҳм мегиранд."


Аксари коршиносон таҳаввулоти сиёсии Украина, Гурҷистон, Қирғизистон ва ахиран Узбакистонро ба кундии раванди ислоҳоти демократӣ дар ин кишварҳо вобаста медонанд. Раванди ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистонро шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

«Фикр мекунам, демократисозии ҷомеа шарти асосии рушди ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад, аммо суръати ин раванд ба хусусиёти ҳар як кишвар бастагӣ дорад. Барои Тоҷикистон, ки тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омадааст, демократисозии ҷомеа шарти муҳим дар таъмини раванди бебозгашти сулҳ ба шумор меояд. Вале дар Тоҷикистон мафҳуми демократия имрӯз яксон фаҳмида намешавад. Дар зеҳни гурӯҳе ин мафҳум ба маънои ҷанги шаҳрвандӣ талаққӣ мешавад. Гурӯҳи дигар зери ин мафҳум мухолифини мусаллаҳро дар назар доранд. Барои ҳамин ҳам ба назари ман дар ҷомеаи тоҷикон бояд кори зиёде анҷом дод, то мардум зарурати роҳандозии равандҳои демократӣ дар ин ҷомеаро дуруст пай баранд.»
XS
SM
MD
LG