Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Базми арӯсии сад ҷуфти ҷавони тоҷик


Сад ҷуфт аз хонаводаҳои камбизоати Тоҷикистон барои нахустин бор бо пуштибонии молии ҳукумати кишвар ва Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Эрон тӯйи арӯсӣ барпо намуданд. Маросими ақди никоҳ ва базми арӯсии ин хонаводаҳо дар кохи Борбади Душанбе доир гашт. Дар ин туйи арӯсӣ мақомоти баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо, сафоратхонаҳои хориҷии муқими Душанбе, ҳунармандон ва сарояндагони маъруфи тоҷику эронӣ ва хешу пайвандони навхонадорон ширкат намуданд.

Хайриниссо Мавлонова - ноиби сарвазири Тоҷикистон навхонадоронро ба муносибати бастани ақди никоҳ табрик кард: "Ман ин ҷуфтҳои навболро бо ин пайванди зебо аз самими дил таҳният мегӯям."

Зокир Вазиров - вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар робита ба ин чорабинӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин иқдом метавонад, дар барномаи ҳукуматӣ, ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то андозае мусоидат намояд: "Ин бори аввал аст, аммо иншоолоҳ дар оянда ин корро идома медиҳем ва шояд теъдоди бештареро кӯмак намоем."

Дар фароварди тӯйи арусии ҷавонон ҳукумати Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ба ин 100 хонаводаи навтаъсис ҷиҳозу ашёи хона, аз ҷумла яхдон, мошинҳои либосшӯӣ ва хайётӣ, қолӣ ва зарф тӯҳфа намуданд.
XS
SM
MD
LG