Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони тоҷикро ба ватанашон бозпас мефиристанд


Маъмурони хадамоти марзбонии фурудгоҳи Толмачевои шаҳри Новосибирски Русия гуфтанд, 126 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо шиносномаҳои дохилӣ вориди Русия шуданд, бегоҳи имрӯз ба ватанашон бозпас мефиристанд.
Як намояндаи хадамоти марзбонии фурудгоҳи Толмачево, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки таввасути ду ҳавопаймо аз Душанбе ва яке аз шаҳри Хуҷанд ба Новосибирск омаданд, бинобар надоштани шиносномаи хориҷӣ дар фурудгоҳи Толмачёво боздошт шуданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, иддае аз афроди боздоштшуда, ки дар миёни онҳо занону кудакон низ буданд, ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд ва 126 нафари дигар ҳанӯз дар фурудгоҳ ҳастанд, шоми 24 май ба Тоҷикистон бозгардонида хоҳанд шуд.
Намояндаи хадамоти марзбонии фурудгоҳи Толмачёвои Русия гуфт, бинобар он ки аз рӯзи 24 май равуо ба қаламрави кишварҳои узви созмони Шӯрои иқтисодии Авруосиё (Евразес), тибқи муқарароти нав, яъне танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ иҷоза дода мешавад, ин афрод бо шиносномаҳои дохилии худ ба қаламрави Русия роҳ дода нашуданд. Ба гуфтаи ӯ, ин афрод аз ин қонун огаҳӣ надоштанд, аммо надонистани қонун ба қавли ӯ касеро аз масъулият озод намекунад. Кишварҳои узви Шӯрои иқтисодии Авруосиё тобистони соли гузашта тавофуқ карданд, ки сафари шаҳрвандони онҳо ба қаламравҳои ҳамдигар танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ сурат бигирад. Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон узви шӯрои мазкур мебошанд.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG