Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи ҳаракати нақлиёт таввасути гарданаи Анзоб


Роҳи ағбаи Анзоб, ки қисмати шимоли кишварро бо марказ пайваст месозад, барои равуои васоити нақлиёт боз шудааст. Бо фарорасии фасли сармо ва резиши барф гарданаи Анзоб барои шаш то ҳафт моҳ ҳамасола масдуд мешавад. Тибқи маълумоти ронандаҳо, ҳамакнун тайи як ҳафтаи ахир аз ин роҳ убури мошинҳои боркаш ва сабукрав имконпазир шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир як комиссиюни ҳукуматӣ мураккаб аз мутахассисини идораи бозрасӣ, умури изтирорӣ ва ҳавошиносии кишвар ҷиҳати омӯзишӣ вазъи мавҷуд ба ин минтақа сафар кардааст.
Аловиддин Аноятшоев - муовини раиси идораи роҳи вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо такя ба хулосаи ин комиссиюн гуфт, амалан имкони равуо аз роҳи Анзоб фароҳам шудааст вале барои эъломи расмӣ аз бозшавии ин гардана бархе аз корҳои дигарро мебояд анҷом дод.
Бо ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар соли 2000 ва мушкил шудани убуру мурур аз қаламрави ин кишвар гарданаи Анзоб танҳо масири автомибилист, ки қисмати шимол ва водии Зарафшонро бо маркази кишвар васл месозад. Масъулини вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтаанд, бо хатми сохтмони нақби Анзоб, ки қарор аст дар арафаи иди Наврӯзи оянда сурат бигирад, мушкилоти мавҷуд бартараф ва пайванди ҳарду қисмати шимол ва маркази кишвар ба таври ҳамеша таъмин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG