Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди фаъолияти Дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон


Владимир Сотиров - раҳбари Дафтари таҳкими Сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Созмони Милал фаъолияти ин идораи худ дар Тоҷикистонро бо дархости ҳукумати ин кишвар барои як соли дигар тамдид кардааст.
Владимир Сотиров гуфт, масъалаи фаъолияти Дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистонро Шӯрои Амният баррасӣ карда ва ризоият додааст, то фаъолияти он то як соли дигар тамдид карда шавад. Владимир Сотиров ба дар посух ба ин суол, ки оё тамдиди фаъолияти ин идора ба он марбут аст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз авомиле вуҷуд доранд, ки метавонанд, суботи ин кишварро халалдор созанд, гуфт: «Имрӯз метавон аз истиқрори сулҳу суботи комил дар Тоҷикистон сухан гуфт, вале бо ин ҳама, бархе аз авомили дохиливу хориҷӣ метавонанд ба субот ва раванди, бебозгашти сулҳ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд. Ба таври дигар ҳанӯз ҳам ин раванд осебпазир аст. Дар ин росто метавон аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва дар заминаи он боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ ном бурд.
Ҳамчунин зарурати таҳкими равандҳои мардумсолорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқи башар ва мубориза бо фасоди молӣ аз дигар мушкилот дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Набуди роҳкорҳои муносиб дар ин самт ва ҳамчунин адами механизмҳои ҷилавгирӣ аз низоъҳо ин ҳама як навъ таҳдид дар баробари сулҳу суботи ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Аз нигоҳи мо, ҳалли ин масоил ба кӯмаку таваҷҷӯҳи раҳбарияти Тоҷикистон сахт бастагӣ дорад.
Ҳадафи аслии мо мусоидат ба таҳкими вазъи сиёсии ором дар Тоҷикистон аст, вазъе, ки дар он раванди сулҳу субот ба таври бебозгашт таъмин гардад."

Владимир Сотиров ҳамчунин гуфт, идораи онҳо дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Тоҷикистон чор самти аслии фаъолияташро мушаххас намудааст ва инҳо рушди ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон, васоити ахбори умум, кӯмак ба ҳукумати Тоҷикистон дар амри таҳияи гузоришҳо доир ба ҳуқуқи башар ва тақвияти фарҳанги сулҳ ва ҷилавгирӣ аз хушунату низоъ дар ин кишвар мебошанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG