Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи ҳафта: 10 соли гузашта аз нахустин музокироти сулҳи Раҳмонов бо Нурӣ дар Кобул


Дар ин ҳафта аз нахустин мулоқоти сулҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо раҳбари вақти Иттиҳоди пешини нируҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул даҳ сол пур шуд. Ин мулоқот, ки рӯзҳои 18 ва 19 моҳи майи соли 1995 ба думболи беш аз як соли музокироти сулҳи ҳайъатҳои дуҷониб дар Маскаву Теҳрону Исломобод ва дар арафаи даври навбатии музокирот дар Алма-Ато сурат гирифт, бо вуҷуди бо имзои танҳо як ёддошти тафоҳум анҷом ёфтанаш як нуқтаи гардиш дар ҷараёни сулҳи кишвар дониста мешавад. Пеш аз ҳама бо ин ки нахустин музокироти раҳбарони аввали ҳарду ҷониб буд ва сониян, ҳукумати Раҳмонов аз ин ба баъд дар ҷараёни музокирот такя ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ кард, то он ки ин ҳама ду сол баъд, дар таърихи 27 июни соли 1997 бо имзои созишномаи ниҳоии сулҳ дар Маскав байни давлат ва мухолифини тоҷик ба поён расид.

Давлати исломии Афғонистон ба раҳбарии раисиҷумҳури вақт Бурҳонуддини Раббонӣ ва вазири дифоъи вақти Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар он рӯзҳо дар шароити аз лиҳози сиёсиву низомӣ сахте қарор дошт. Аз як сӯ фишори низомии нируҳои Гулбуддини Ҳикматёр ҳамарӯза Кобулро таҳти оташи мушаку хумпора қарор медод ва аз сӯи дигар соли 1995 соле буд, ки ҳаракати Толибон ҳамчун як нирӯи нав дар саҳнаи он кишвар шакл мегирифт, то соле пас давлати Раббониро аз пойтахти Афғонистон ба шимол танг кунад.

Баъди чанд рӯзи дидори Раҳмонову Нурӣ дар Кобул даври навбатии музокироти ҳайъатҳо дар Алма-Ато сурат гирифт, баъд ҳам Ишқобод буду боз ҳам Теҳрону боз Ишқобод ва дидори дигари ду раҳбари аввал дар Хосдеҳи Афғонистон ва дар ниҳоят ин ҳама дар 27 июни соли 1997 бо имзои тарҳи ниҳоии созишномаи сулҳ дар Маскав мунҷар шуд. Аммо ин алакай як қиссаи дигар аст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG