Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди раиси EBRD аз тирборон кардани мардум дар Андиҷон


Раиси Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд (EBRD) Жан Лемйе, ки дар иҷлоси солонаи бонк дар Белград суханронӣ мекард, ба интиқоди шадиди давлати Узбакистон пардохта, аз ҷумла тирборон кардани мардуми осоишта дар Андиҷонро маҳкум кард ва гуфт, авзоъ дар Узбакистон мояи нигарониҳои ҷиддӣ шудааст. Жан Лемйе гуфт, бархе кишварҳо бо ҳаракати суст ба сӯи демократия ва иқтисоди бозорӣ имкони фаъолияти Бонки Аврупоиро маҳдуд сохтаанд. Ба ақидаи оқои Лемйе, адами шаффофият ва муколама бо мардум дар ниҳоят мунҷар ба ҳаводиси фоҷиъабор мешавад. EBRD соли гузашта ба далели вазъи бади ҳуқуқи башар бахши ағлаби кӯмакҳову қарзҳояш ба Узбакистонро масдуд карда буд.

Дар ҳамин ҳол, сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев дирӯз аз Андиҷон дидан ва бо ҳокимони навоҳиву шаҳрҳои он минтақа мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот вазъи Андиҷон дар пайи хушунатҳои 10 рӯзи пеш, ки мунҷар ба ҳалокати то 1000 нафар шуда буд, матраҳ гардида ва ҳамзамон дар ин вилоят пардохтани маош ба мардум шурӯъ шудааст. Гуфта мешавад, бархе то шаш моҳ маоши худро нагирифтаанд.

Бино ба хабари дигар, фаъоли ҳуқуқи башар Соибхон Устобоев ба гуруснанишинии сиёсии худ дар ҳамсояшаҳри Намангон идома дода, аз мардум даъват кардааст, бо се маротиба куштану гирондани чароғҳои хонаи худ хотири қурбониҳои рӯйдодҳои Андиҷонро пос доранд. Мақомоти милиса баъдан ӯро дастгир кардаанд. Бо ин ҳол, телевизиони давлатии Узбакистон тӯли рӯзи якшанбе сӯҳбатҳои мардуми Андиҷонро нашр мекард, ки алайҳи таҳқиқи байналмилалии ин рӯйдодҳо сухан мегуфтанд.

Ва фиристодаи кафили раёсатҷумҳурии Қирғизистон Алмамбет Мадиброҳимов гуфтааст, ки Бишкек ба куллия мардуми ба ин кишвар аз Андиҷон фироркарда паноҳгоҳи сиёсӣ дода наметавонад. Вай хабари ба Узбакистон пас дода шудани кадоме аз ин мардумро радд кард, вале гуфт, феҳрасти асомии ҳамагии онҳо ба мақомоти Тошканд супурда шуда, онҳое, ки паноҳгоҳи сиёсӣ касб карда натавонанд, ба Узбакистон вопас фиристода хоҳанд шуд. Ва аммо маъмури ҳуқуқи башари Қирғизистон Турсунбек Ууулай изҳори ташвиш кардааст, ки дар чунин сурат ин афрод дар Узбакистон таҳти таъқиби дубораи мақомот қарор хоҳанд гирифт.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG