Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйиди 6 номзади аввал ба мақоми раёсатҷумҳурии Эрон


Шӯрои Нигаҳбони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 22 май аз беш аз 1000 нафари номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Эрон дар интихоботи 17 июн номзадии 6 нафарро таъйид кард. Дар байни онҳо раисиҷумҳури собиқи Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ номзади асосӣ дониста мешавад. Шӯрои Нигаҳбон ҳамчунин номзадии раиси собиқи Маҷлис Маҳдии Каррубӣ, раиси пешини пулис Муҳаммадбоқири Қолибоф, раҳбари собиқи ширкати садову симо Алии Лориҷонӣ, мири Теҳрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва фармондеҳи собиқи Горди Посдорони Инқилоб Мӯҳсин Ризоиро сабт кардааст.

Аммо ба гузориши телевизиони давлатии Эрон, Шӯрои Нигаҳбон номзадии вазири собиқи фарҳанг Мустафо Муинро, ки аз сӯи Ҷабҳаи Мушорикати Исломии Мардум, як ташаккули умдаи ислоҳталабони эронӣ пешбарӣ шуда буд, радд кардааст. Ин созмон ба думбол изҳор дошт, ки агар Шӯрои Нигаҳбон қарорашро бозбинӣ накунад, мардумро ба таҳрими интихоботи рӯзи 17 июн даъват хоҳад кард.

Шӯрои Нигаҳбон як ниҳоди ғайримунтахаб дар низоми раҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки номзадии афрод ба порлумон ва мақоми раёсатҷумҳуриро аз дидгоҳи ахлоқ ва садоқати онҳо ба низоми исломӣ қазоват мекунад.
XS
SM
MD
LG