Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти нав дар Андиҷону Қаросӯ


Рӯзи шанбе, 21 май дар шаҳри Қаросӯи Узбакистон, ки дар наздикии марз бо Қирғизистон воқеъ аст, бо талаби озодии Бахтиёр Раҳимов ва афроди дигари боздоштшуда тазоҳурот барпо шуд. Бахтиёр Раҳимов, ки ҳафтае пеш аз сӯи тазоҳургарон раҳбари Қаросӯ баргузида шуда буд, рӯзи панҷшанбе ба думболи дубора таҳти назорати нирӯҳои давлатӣ қарор гирифтани ин шаҳр, ҳамроҳ бо чанд нафари дигар боздошт шудааст. Хабарнигори бахши узбакии Родиёи Озодӣ Ғафур Юлдошев аз Қаросӯчунин гузориш медиҳад:"Эътирозҳо ду рӯз боз давом доранд. Талаби асосии тазоҳургарони норозӣ аз зиндон раҳо кардани фермери маҳаллӣ Бахтиёрҷон Раҳимов ва 7 - 8 нафари дигар аст." Ба гуфтаи хабарнигори Родиёи Озодӣ, як нирӯи ҳангуфти интизомӣ вориди Қаросӯ шуда, тафтиши саросарии мардум, аз ҷумла хабарнигоронро ба роҳ андохтааст.

Рӯзи шанбе дар шаҳри Андиҷон низ тазоҳуроти мардум сурат гирифт. Тазоҳургарон дар даври сохтмони идораи милисаи вилоят гирди ҳам омада, нашри маълумот дар бораи сарнаившти хешону наздикони дар ҷараёни ҳаводиси ҳафтаи пеш ғайбзадаи худро талаб кардаанд. Ин дар ҳолест, ки як омори дақиқ дар бораи шумори қурбониҳои он ҳаводис дар Андиҷону Пахтаобод ва Қаросӯ дастрас нест. Додситони кулли Узбакистон шумори қурбониҳоро 169 нафар ва аммо вазири умури дохилаи он кишвар Зокир Олматов 108 нафар ҳисоб кардаанд. Вале ба ҳисоби созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, мухолифини узбак ва шоҳидон, теъдоди кушташудаҳо дар рӯйдодҳои ахир аз 500 то 1 000 нафар аст.

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо вуҷуди исрори ҷомиаи байналмилалӣ пешниҳоди анҷоми як таҳқиқи мустақили ҳаводиси Андиҷонро радд кардааст. Ба зарурати чунин таҳқиқоти мустақил дар тӯли ҳафтаи гузашта Бритониёву Амрико, Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо, паймони низомии НАТО ва созмони Афви Байналмилалӣ таъкид карда буданд.
XS
SM
MD
LG