Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҷангандаи русӣ дар шарқи Душанбе


Як ҷангандаи навъи СУ - 25, ки ба нирӯҳои ҳавоии Русия тааллуқ доштааст, субҳи 21 май зимни анҷоми парвози тамринӣ дар канори шаҳри Душанбе дучори сониҳаи ҳавоӣ шуд. Бар асари ин сониҳа, гуфта мешавад, ҳавопаймо идораи парвозро аз даст дода ва дар 25-километрии маҳватаи фурудгоҳи Душанбе суқут кард.Ин хабарро дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ дафтари матбуоти сафорати Русия дар Душанбе таъйид, аммо аз додани ҷузъиёт худдорӣ намуд.

Аммо Александр Дробишевский, сухангӯи нирӯҳои ҳавоии низомии Русия ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ҷиҳати таҳқиқи сабаби вуқӯъи садама дар Маскав як кумиссиюни вижа ташкил шудааст. Ба гуфтаи Александр Дробишевский, ба ин кумиссиюн коршиносони хадамаи таъмини амнияти парвозҳои вазорати дифоъи Русия ва ҳамчунин ситоди кулли нирӯҳои ҳавоии ин кишвар шомиланд. Ин кумиссиюн, афзудаст ҷаноби Дробишевский, қарор аст, шоми имрӯз, яъне 21 май ҷиҳати анҷоми таҳқиқ вориди шаҳри Душанбе гардад.

Вале дар ҳамин ҳол, мақомоти низомии рус дар Тоҷикистон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд суқути ҷангандаи СУ - 25 бинобар аз кор мондани муҳаррики ҳавопаймо ба ҳангоми парвоз сурат гирифтааст. Зеро ба гуфтаи онҳо, пеш аз суқути ногаҳонии ҳавопаймои ҷангӣ халабонаш майор Вадим Рядченко аз пеш омадани мушкил дар кори муҳаррики ҳавопаймо ба замин гузориш додааст.Гуфта мешавад, халабони СУ - 25 дар пайи суқути он зинда мондааст, зеро бо истифода аз чатри наҷот вай ба мавқеъ тавонистааст худро аз ҳавопаймо берун андозад. Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG