Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири ҳодисаҳои Андиҷон ба равобити иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон


Ба назари Алишер Шайхов - раиси Палатаи тиҷоратии Узбакистон ҳаводиси ахири вилояти Андиҷон наметавонанд, ба равобит ва ҳамкориҳои иқтисодии Узбакистону Тоҷикистон таъсири номатлуб гузоранд. Алишер Шайхов, ки дар Душанбе дар ҳамоиши тиҷории Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёи Марказӣ сухан мегуфт, иброз дошт, ки қазияи вилояти Андиҷон маҳдуд ба як шаҳр аст ва он имкон надорад ба равобити иқтисодии Узбакистон бо сойир кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир гузорад: "Ин як падидаи ғайримуқарарии маҳаллӣ буд, ки дар он ҷо иттифоқ афтод, вале он таъсири кӯчаке бар вазъи иқтисодии Узбакистон нагузоштааст. Ҳамчунин равобити иқтисодии Узбакистон бо кишварҳои минтақа низ таҳти шуъои қазияи мазкур қарор нагирифтааст."
Дар чаҳорумин ҳамоиши тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили доду ситади коло, густариши равобити иқтисодӣ ва соддасозии низоми рафту омад миёни ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин ба таъсиси бозори муштарак ва ҷалби бештари сармоягузории хусусӣ ба иқтисоди кишварҳои ҳамдигар таъкид намуданд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG