Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мулоқоти Раҳмонов ва Нурӣ дар даҳ соли қабл


То ин вақт гуфтушуниди ҳайъатҳои музокиракунандаи ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи мухолифин дар Покистон моҳи ноябри соли 1994 ба анҷом расида буд, аммо адами эътимод ба ҳамдигар миёни ҷонибҳо ҳанӯз идома дошт ва бунбасте дар раванди сулҳ пеш омад. Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон дар ин шаш моҳ барои дуввумбора ҷалб кардани ҳайъатҳои музокиракунанда талош менамуданд, аммо натиҷа намедод.

Дар манотиқи шарқи Тоҷикистон размандаҳои мухолифин бо нерӯҳои ҳукумат меҷангиданд. Ҳазорҳо хонаводаҳои тоҷики паноҳанда, ки аз ҷанг ҷон ба саломат бурда буданд, ба умеди бозгашт ба ватан дар Афғонистону Покистон, Русия, Қазоқистон ва Туркманистону Қирғизистон овораву сарсон буданд.

Ниҳоят 19 майи соли 1995 президент Эмомалӣ Раҳмонов ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул дар ҳузури раиси ҷумҳури Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд сӯҳбат карданд. Ин мулоқот дар кохи раёсати ҷумҳури Афғонистон мавсум ба Гулхона сурат гирифт.

Султони Ҳамад хабарнигори Радиои Озодӣ, ки даҳ сол қабл шоҳиди ин нишаст буд, гузорише дорад аз ин кох ва доир ба он мулоқот. Гузориш зери ин хати сабз аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зимни сафари ахираш ба Афғонистон мулоқоти Кобулро барои расидан ба сулҳи миллӣ дар кишвар муҳим хонд ва саҳми Аҳмадшоҳи Масъуд ва профессор Бурҳониддини Раббониро дар он махсус таъкид кард.

Аммо назари раҳбари мухолифини собиқи Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раиси собиқи Иттиҳодияи оппзитсиюни тоҷик роҷеъ ба ин мулоқот чӣ аст. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо вуҷуди он бемор аст ва феълан дар яке аз табобатгоҳҳои Олмон табобат мегирад розӣ шуд, назари худро роҷеъ ба нахустин мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов мухтасар бигӯяд.
Барои шунидани гуфтаҳои ӯ ин ҷумлаи сабзро клик кунед.

Дар он замон раиси ситоди нерӯҳои низомии Иттиҳодияи оппозитсиюни тоҷик Давлати Усмон буд ва ӯ мегӯяд, ҳамон вақт вай дар ҷабҳаҳо буд ва замоне, ки мулоқот идома дошт, фармондеҳони мухолифин ва размандаҳо дар доманаҳои кӯҳҳо дар даст силоҳ ҳар лаҳза интизори натиҷаи ин мулоқот буданд.

Мусоҳиба бо Давлати Усмон

Яке аз роҳбарони ҳайъати музокиракунандаи ҷониби ҳукумат профессор Иброҳим Усмонов аз натиҷаи муҳими дигари ин мулоқот чунин ёдоварӣ мекунад.

Пас аз ин мулоқот роҳ барои идомаи гуфтушунид сулҳ боз шуд ва пас аз чанд муддат давраи навбатии музокира дар Алмаато сурат гирифт. Бо ин музокираҳо бо ҳар навъ идома карданд ва ниҳоят дар Маскав дар таърихи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид.
XS
SM
MD
LG