Пайвандҳои дастрасӣ

Муаррифии барномаи нав доир ба ҷилавгирӣ аз афзоиши ҷинояткорӣ миён ноболиғон


Бо ибтикор ва пуштибонии молии созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи кӯдак, барои нахустин бор дар Тоҷикистон барномаи байналмилалие мавсуф ба «Адолати алтернативӣ нисбати ноболиғон» раҳандозӣ мешавад. Нуздаҳуми май дар Душанбе маросими муаррифии барномаи байналмилалии алтернативие оид ба ноболиғоне ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, баргузор шуд, ки бо ибтикори Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, UNICEF, Бунёди Наҷоти Кӯдакони Бритониё (Save the Children) ва маркази ҷумҳуриявии «Насли Наврас» таҳия гаштааст.
Юкие Мокио - раҳбари дафтари UNICEF дар Душанбе дар робита ба барномаи мазбур, ба Радиои Озодӣ гуфт, он дар Осиёи Марказӣ назир надорад ва дар сурати муваффақ пиёда кардани он сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон ба маротиб коҳиш хоҳад ёфт.

Бахтиёр Ҳамдамов - сарвари гурӯҳи коршиносони вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, доир ба ин барнома мегӯяд: "Тибқи ин барнома мо ҷазо барои ҷиноятҳои нисбатан сабуки ноболиғонро аз байн бурдем."
Тоҷиддин Ҷалолов - раиси маркази ҷумҳуриявии "Насли Наврас" мегӯяд, тибқи омори онҳо, теъдоди ҷинояткорони ноболиғ дар Тоҷикистон сол то сол меафзояд ва аксарияти ҷиноятҳои онҳо хусусияти иҷтимоӣ доранд.
Тибқи омори идораи кор бо ноболиғони раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе, дар соли 2003-ум 917 нафар ва дар соли 2004 - ум 1468 ноболиғ ҷиноят содир намудааст. Дар авохири соли 2004 ва чаҳор моҳи соли равон 16 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ноболиғони то 18-сола ба баррасӣ гирифта шудааст ва аз ин миён бо мусоидати барномаи "Адолати алтернативӣ" 3 нафар аз ҷазои маъмурӣ раҳо ёфта ба манзилҳои худ баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG