Пайвандҳои дастрасӣ

Хати нави баландшиддати Тоҷикистону Қирғизистон


Маросими ифтитоҳи хати баландшиддати барқи Боткан - Конибодом 60-километрии Хуҷанд бегоҳи 18 май бо иштироки Қурмонбек Боқиев - кафили раёсатҷумҳури Қирғизистон, Оқил Оқилов - сарвазири Тоҷикистон баргузор гашт. Хати баландшиддати барқи Боткан - Конибодом дар давоми соли 2004 бо сарфи беш аз 9 миллион сомонӣ, баробари тақрибан 3 миллиони доллари амрикоӣ аз ҷониби Тоҷикистон бунёд шудааст.
Ин хати баландшиддат иқтидори нақли 3 миллион киловатт соат нирӯи барқ аз Қирғизистон ба қисмати шимолии Тоҷикистонро доро аст. Вилояти Суғд тақрибан ба ҳамин қадар нирӯи барқ дар фасли зимистон барои бароварда сохтани заруриёти аввалия ниёз дорад. Ҷониби Тоҷикистон бар ивази истифодаи замини вилояти Ботканд барои гузаронидани хати барқ тибқи созишнома 5 километр қаламрави худро дар ноҳияи Исфара, 120-километрии шарқи Хуҷанд, барои дарозмуддат дар ихтиёри Қирғизистон гузоштааст.
Қирғизистон мехоҳад, тавассути ноҳияи Исфара роҳи нақлиётии Ӯш - Исфанаи худро пайванд диҳад. Аммо ба гуфтаи масъулин, интиқоли нирӯи барқи Қирғизистон дар фасли сармо ба вилояти Суғд ин минтақаро аз қайди норасоии барқ берун нахоҳад кашид ва ба манзилҳои одамон нирӯи барқ ҳамчунон дар соатҳои муайян интиқол дода хоҳад шуд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Конибодом
XS
SM
MD
LG