Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи хати баландшиддати барқи Боткан - Конибодом


Конибодом - Хуҷанд Маросими ифтитоҳ дар назди зеристгоҳи барқии Конибодом, 60-километрии Хуҷанд бегоҳи рӯзи 18 май бо иштироки Қурмонбек Боқиев - кафили раёсатҷумҳури Қирғизистон, Оқил Оқилов - сарвазири Тоҷикистон ва сарони вилоятҳои Суғду Боткан баргузор гашт. Хати баландшиддати барқи Боткан - Конибодом дар давоми соли 2004 бо сарфи беш аз 9 миллион сомонӣ, баробари тақрибан 3 миллиони доллари амрикоӣ аз ҷониби Тоҷикистон бунёд шудааст.

Хати баландшиддати барқи Ботканд - Конибодом иқтидори нақли 3 миллион киловатт соат нирӯи барқ аз Қирғизистон ба қисмати шимолии Тоҷикистонро доро аст. Вилояти Суғд тақрибан ба ҳамин қадар нирӯи барқ дар фасли зимистон барои бароварда сохтани заруриёти аввалия ниёз дорад. Ҷониби Тоҷикистон бар ивази истифодаи замини вилояти Ботканд барои гузаронидани хати барқ тибқи созишнома 5 километр қаламрави худро дар ноҳияи Исфара, 120 километрии шарқи Хуҷанд, барои дарозмуддат дар ихтиёри Қирғизистон гузоштааст.

Қирғизистон мехоҳад, тавассути ноҳияи Исфара роҳи нақлиётии Ӯш - Исфанаи худро пайванд диҳад. Дар ҳоли ҳозир порае аз ин шоҳроҳи ҷанубии Қирғизистон аз қаламрави Узбакистон, дар ноҳияи Сӯхи ин кишвар убур мекунад, дар ҳоле, ки қисмати шимолии Тоҷикистон низ давоми дувоздаҳ моҳи сол танҳо аз Узбакистон нирӯи барқ дарёфт мекунад. Ин ду ҷиҳати муҳими стратегии хати интиқоли барқ ва роҳи нав, ки Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар мавриди истифодаи нирӯи барқ ва роҳи транзитӣ аз қайди Узбакистон то дараҷае раҳоӣ хоҳад бахшид, дар маросими расмии ифтитоҳи хати баландшиддати Ботканд - Конибодом таъкид гардид.

Оқил Оқилов - сарвазири Тоҷикистон бунёди хати баландшиддати барқи Ботканд - Конибодомро як нишонаи рӯшани дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бахши энергетика унвон кард ва гуфт: «Корбурди ин хати барқ таъмини қисмати шимолии Тоҷикистон ва бахши ҷанубии Қирғизистонро бо нирӯи барқ ва танзими истифодаи онро барои ҳар ду ҷониб ба дараҷаи чашмрас беҳбуд мебахшад.»

Аммо ба гуфтаи масъулин, интиқоли нирӯи барқи Қирғизистон дар фасли сармо ба вилояти Суғд ин минтақаро аз қайди буҳрони энергетикӣ ва норасоии барқ берун нахоҳад кашид ва ба манзилҳои одамон нирӯи барқ ҳамчунон тибқи лимит дар соатҳои муайян интиқол дода хоҳад шуд.

Қурмонбек Боқиев - кафили раёсатҷумҳурии Қирғизистон зимни суханронӣ ба ҷанбаи дигари ҳамкориҳои иқтисодии кишвараш бо Тоҷикистон ишора кард ва гуфт ва аз бунёди роҳи Ӯш - Исфана ва аҳамияти баланди он барои ҳар ду ҷумҳурии ҳамсоя ёдовар шуд.

Ӯ афзуд: «Ба воситаи ин роҳи Қирғизистон транзити нақлиёти боркаши Тоҷикистон ба кишвари Чин фароҳам меояд. Ҳамчунин роҳи Исфара - Ӯш - Хоруғ метавонад қисмати шимолии Тоҷикистонро бо минтақаи ҷанубии он пайванд диҳад.»

Қурмонбек Боқиев - кафили раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди ба истифода додани шабакаи барқи Боткан - Конибодомро афзуд, тавсеъаи ҳамкориҳои минбаъдаи байни ин ду кишвар дар соҳаи энергетика, бунёди хатҳои нави интиқоли баландшиддати барқ барои ворид шудани ин ду кишвар ба бозори энергетикаи ҷаҳонӣ ва фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Чину Афғонистон ва ҳамчунин Русия роҳро ҳамвор хоҳад сохт.
XS
SM
MD
LG