Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти гурӯҳи муташаккили қочоқбар дар Тоҷикистон


Ходимони вазорати амнияти Тоҷикистон як гурӯҳи муташаккили қочоқбарро боздошт ва аз онҳо ба миқдори бештар аз 250 килограмм маводи мухаддир мусодира кардаанд. Аҳрор Зокиров - як масъули маркази равобити ҷамъиятии вазорати амнияти Тоҷикистон гуфт, дар пайи як амалиёти бобарор ва ҳадафмандонаи ходимони амният фаъолияти ин гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар дохил ва хориҷи кишвар машғул буд, қатъ гардонида шудааст.
Масъули маркази равобити ҷамъиятии вазорати амнияти Тоҷикистон ба хотири халал наафтодан дар ҷараёни бозрасӣ аз ироаи маълумоти бештар дар бораи ин гурӯҳ ва аъзои он, маҳалли боздошт ва аз чанд муддат ба ин сӯ даст ба тиҷорати маводи мухаддир задани онҳо худдорӣ кард.
Вале вай гуфт, ки ин гурӯҳи муташаккил барои интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия аз нақлиёти борбар истифода кардааст. Ба гуфтаи Аҳрор Зокиров, боздошти 11 нафар қочоқбар бо миқдори 250 кило маводи мухаддир аз тарафи вазорати амнияти Тоҷикистон бесобиқа буда, бори аввал воқеъ шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG