Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои давлати Ӯзбакистон дар шаҳри Қаросу


Нерӯҳои давлатии Узбакистон гуфтанд, ки шаҳри Қаросуи ин кишварро аз дасти тазоҳургарон пас гирифтанд ва бино ба гуфтаи сокинони шаҳр, ҳангоми амалиёти онҳо чандин нафар ба ҳабс гирифта шудаанд. Ҳудуди 200 нафар сарбоз дар ин амалиёт дар Қаросу, ки 20 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ширкат кардаанд.
Дар ҳамин ҳол Амрико ва Бритониё хостори он шудаанд, ки дар робита ба гузоришҳо, ки нерӯҳои давлатии Узбакистон садҳо тазоҳургарро дар шаҳри Андиҷон куштанд, таҳқиқоти мустақил сурат бигирад.
Вазири умури хориҷаи Бритониё Ҷек Стро ҳангоми сафараш дар шаҳри Вашингтон рӯзи чоршанбе хунрезиҳои ахири Андиҷонро такондиҳанда хонда, гуфт, хостори он аст, ки як таҳқиқоти мустақили байналмилалӣ сабабҳои куштор, табиати куштор ва масъулони онро муайян кунад.
Ҳукумати Узбакистон мегӯяд, ки рӯзи ҷумъаи гузашта ҳангоми даргириҳо бо тундравони исломие, ки дар шаҳри Андиҷон ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карда ва ҳамчунин зиндониёни як маҳбасро раҳо намуданд, 169 нафар кушта шуд. Аммо ба гуфтаи мухолифини Узбакистон, дар ин ҳодисаҳо дасти кам 745 нафар, аз ҷумла 500 нафар дар Андиҷон ва 200 нафар дар шаҳри Пахтаобод умдатан мардуми осоишта ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG