Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин дидори дипломатҳо ва хабарнигорони хориҷӣ аз Андиҷон


Тошканд

Хабаргузориҳо мегӯянд, ки рӯзи чоршанбе ҳудуди ҳазор нафар аз бошандагони шаҳраки Қаросӯи вилояти Андиҷон бо ташкили як гирдиҳамоӣ аз мақомоти Қирғизистон талаб кардаанд, ки марзро ба рӯи паноҳандагон боз кунанд. Гуфта мешавад, паноҳандагони андиҷонӣ ба манзури раҳоӣ аз таъқиби хадамоти интизомӣ убури марзи Қирғизистонро идома медиҳанд, вале дар ин маврид онҳо бо мамониати ҷониби Қирғизистон рӯбарӯ мегарданд. Бино ба хабарҳо, пешвои эътирозгарон дар Қаросӯ Бахтиёр Раҳимов гуфтааст, шаҳраки Қаросӯ таҳти тасарруфи онҳост. Аммо мақомоти расмӣ ин иттилоъро тасдиқ накарданд. Ба гуфтаи ин мақомот, авзоъ дар шаҳраки Қаросӯ ором аст ва мардум саъй дорад, ки дар ин ҷо ягон бархӯрди мусаллаҳона сурат нагирад. Таъкид гардид, ки нирӯҳои интизомӣ ва амниятӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳаводиси ногувор назоратро бар дӯши худ гирифтаанд.

Бо ин ҳол, рӯзи чоршанбе бо ибтикори вазорати умури хориҷаи Узбакистон як гурӯҳи дипломатҳо ва хабарнигорони хориҷӣ вориди шаҳри Андиҷон шуданд, то ки аз ҷои ҳодиса боздид кунанд. Ба гуфтаи яке аз журналистони хориҷӣ, ки ба ин ҳайъат шомил буд, онҳо дар автобусе ба шаҳр ворид шуданд, ки мақомоти вазорати умури хориҷа ташкил карда буд. Вай афзуд, воқеан аз маҳбаси Андиҷон ва қисми низомие дидан карданд, ки тазоҳургарон дар ҳафтаи гузашта ҳамла оварда, ғайр аз мусодираи силоҳҳои оташфишон чанд низомиро ба ҳалокат расониданд. Мавсуф гуфт, ҳамчунин онҳо аз бинои ҳукумати вилоят ва майдони назди он боздид карданд, ки маҳалли аслии ҳодисахои фоҷиабори рӯзи ҷумъа, 13 май будаанд. Аммо ба гуфтаи ин хабарнигор, то охири ин сафар, ки дар маҷмӯъ ду соат давом кард, онҳо аз мактаби рақами 15 ва бозори шаҳр дидан карда натавонистанд. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд аз муассисони ин сафар тақозо карда шуд, ки сӯҳбат бо бошандагони шаҳр ва тоҷиронро иҷозат диҳанд, вале ин талаби онҳо иҷро карда нашуд. Бино ба иттилоъи як журналисти дигар, ки низ аз Андиҷон ҳамроҳ бо ин ҳайъат дидан кардааст, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва хабарнигорони хориҷӣ дар ҷараёни ин сафар осори ҳамла ба сохтмони ҳукумати вилояти Андиҷонро пайдо накарданд.

Дар ҳамин ҳол, Зокирҷон Олматов, вазири умури дохилаи Узбакистон, ки ҳайъати намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва журналистони хориҷиро раҳбаладӣ мекард, зимни сӯҳбат бо онҳо гуфтааст, тазоҳургарон дар Андиҷон бо силоҳҳое мусаллаҳ буданд, ки аз кишвари ҳамсоя бо худ овардаанд. Зокирҷон Олматов гуфтаст, дар ҳамлаи нахустин 35 - 40 нафари мусаллаҳ ширкат дошта, ки тавассути мошини боркаш ва як мошини сабукрави навъи "Дамас" ба ин ҷо мунтақил ёфтаанд. Вазири умури дохилаи Узбакистон гуфт, ҳанӯз ҳам дар дасти як идда афрод силоҳи оташфишон боқӣ мондааст ва далоили амниятӣ дидан кардани дипломатҳо ва хабарнигорони ҳайъати мазкур аз ҳама манотиқи Андиҷонро иҷозат намедиҳад.

Сафари ин ҳайъат, ки нахустин дидори расмии нозирони хориҷӣ аз Андиҷон дар пайи хушунатҳои пурқурбонии ҳафтаи гузашта ба шумор меравад, мебоист то соати 3 давом мекард, вале ҳавопаймои ҳомили онҳо алакай соати дуи зӯҳр ба Тошканд баргашт.
XS
SM
MD
LG