Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Амрико дар бораи рӯйдодҳои Узбакистон


Ба думболи рӯйдодҳои хунини Андиҷон, вазири корҳои хориҷии Амрико Кондолиза Райс аз мақомоти Ӯзбакистон даъват намуд, ки ба боз шудани сохтори сиёсӣ ва ҷомеаи Узбакистон мусоидат кунанд. Хонум Райс дар Вjшингтон ба хабарнигорон гуфт, ҳеҷ кас аз ҳеҷ кишваре тақозо накардааст, ки бо террористон додуситад кунад. Вале ӯ таъкид намуд, ки масъалаи Узбакистон дар он аст, ки ин кишвар ба ислоҳот ва ҷомиаи боз зарурат дорад: "Баъди ин рӯйдодҳои ахир, мо умедворем, ки ҳукумати Узбакистон дар шарҳи он чизе ки рух додааст, мавқеъи боз хоҳад гирифт. Ин хеле рӯшан аст, ки одамони зиёд дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳамеша боиси нигаронӣ аст, зеро одамони бегуноҳ набояд кушта шаванд."

Кондолиза Райс иддаоҳоро дар мавриди он, ки гӯё Вошингтон дар ивази ҳамкориҳои амниятӣ бо Тошканд, вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистонро нодида мегирад, рад намуд. Вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар гузашта масъалаи ҳуқуқи башарро борҳо бо ҳукумати Ислом Каримов матраҳ кардааст.
Ӯ таъкид намуд, дар марҳилаи кунунӣ бояд талош намуд, ки аз идомаи хушунатҳо ҷилавгирӣ шавад ва паноҳандагони узбак, ки ба Қирғизистон фирор кардаанд, бо кӯмаки зарурӣ фаро гирифта шаванд. Хонум Райс афзуд, Амрико ҳамоно кӯшиш мекунад, ки асли рӯйдодҳои Андиҷонро дақиқ кунад.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико Ричард Боучер низ дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон дар бораи мавқеъи Иёлоти Муттаҳида нисбат ба ҳодисаҳои ахири Андиҷон сӯҳбат кард. Ба гуфтаи Боучер, Амрико аз Узбакистон даъват мекунад, ки ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва созмонҳои дигари хайрия дастрасии пурра ба Андиҷонро фароҳам оварад, то ки онҳо вазъи воқеъиро арзёбӣ кунанд ва ба шахсоне, ки ба кӯмак зарурат доранд, мадад расонанд. Ричард Боучер гуфт, Амрико ҳамчунин аз ҳукумати Узбакистон даъват намуд, ки дастрасии мардуми ин кишварро ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва дигар васоили ахбор барқарор намояд, то мардум бидонад, ки дар кишвари онҳо чӣ мегузарад.

Аммо собиқ сафири Бритониё дар Тошканд Крейг Мари, ки аз танқидгарони шадиди вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон мебошад, мегӯяд, Каримов муваффақ хоҳад шуд, ки як бори дигар Ғарбро ба мавҷудияти хатари гурӯҳҳои тундрав мутмаин кунад: "Ба фикри ман, мутаассифона, Каримов комёб хоҳад шуд, ки ҷомиаи байналмилалиро бовар кунонад. Албатта, ин итминони воқеъӣ ва ақлонӣ нахоҳад буд. Вале Каримов муттафиқи муҳим дар ҷанги зидди террор аст ва гӯё сабабҳои ҳамаи нооромиҳо тундравони исломӣ мебошанд."
XS
SM
MD
LG