Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савоби 47 000 пирамарди сокини Душанберо кӣ мегирад?


Солмандон ва маъюбони тоҷик ба таври бояду шояд аз кӯмакҳои беҳдоштӣ ва иҷтимоии ҳукумат ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ бархӯрдор нестанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 60 дар сади онҳо дар сатҳи поёнтар аз хатти фақр ба сар мебарад. Ин нукта дар як анҷумане, ки рӯзи 18 май дар Душанбе бо ибтикори созмони ғайриҳукуматии «Одамият» доир гашт, баён гардид.

Кароматулло Олимов, мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, фаъолияти созмони ғайриҳукуматии «Одамият», ки ба солмандони танҳову нодор кӯмаки тиббиву иҷтимоӣ мерасонад, шоистаи дастгирист, аммо бо вуҷуди беш аз 3 000 созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон, ба ақидаи оқои Олимов, на ҳамаи онҳо дар ин самт ташаббус нишон медиҳанд: "Созмони ғайридавлатӣ маънои онро надорад, ки он аз давлат рӯ гардонда, ба ҷониби давлатҳои дигар рӯ биорад. Бояд ин созмонҳо ба нишони қадрдонӣ аз шароите, ки ҳукумат барои фаъолияти озоди онҳо фароҳам овардааст, барои рушду пешрафти ин кишвар хидмат кунанд."

Саодат Камолова, ноиби раиси созмони ғайриҳукуматии «Одамият» гуфт, тибқи як барномаи кӯмак ва бо мусоидати ожонсии рушди Суис, ин созмон шурӯъ аз соли 2000 онҳо ба 2 500 нафар пиронсолони танҳо ва бепарастор дар шаҳри Душанбе кӯмакҳои беҳдоштӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд. Аммо афзуд хонум Камолова, онҳо имкони расидагӣ ба кулли пиронсолони ниёзмандро надоранд: "Масалан, мо дар бинои госпитали шаҳрӣ қарор дорем, ки хеле хурд аст ва имкони ба ҳамаи корафтодагон кӯмак карданро надорем. Агар ҳукумат ба мо ёрӣ мекард ва як бинои калонтаре медод, мо метавонистем ба пиронсолони бештар дасти кӯмак дароз намоем."

Саодат Камолова ҳамчунин гуфт, 30 дар сади мизоҷони созмони «Одамият» русҳоянд, ки ҳанӯз дар солҳои таъсисёбии ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар омада ва дар ҳоли ҳозир аз танҳоиву нодорӣ ранҷ мебаранд ва ягона манбаъи таъмини зиндагиашон кӯмакҳои ин созмон будааст.

Тибқи омори созмони «Одамият», дар шаҳри Душанбе беш аз 47 000 солмандон ва бознишастагон ба сар мебаранд, ки нафақапулии эшон ҳамагӣ аз 10 то 25 сомонист. Аз ин миён танҳо 2500 нафар бо кӯмакҳои беҳдоштӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта шудаасту бас. Ба беш аз 300 солманди барҷомонда ҳамшираҳои шафқати ихтиёрӣ, ки дар созмони ғайриҳукуматии «Одамият» омӯзиш дидаанд, ҳамарӯза нигоҳубин мекунанд.
XS
SM
MD
LG