Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузаргоҳи Панҷи Поён ба ихтиёри Тоҷикистон гузашт


Рӯзи чаҳоршанбе, 17 май гузаргоҳи Панҷи Поён дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон, воқеъ дар ноҳияи Қумсангир, 200 - километрии ҷануби Душанбе аз сӯи сарҳадбонони рус пурра ба ихтиёри нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гузошта шуд. Халил Бобоев, сардори раёсати гузаргоҳҳои марзии кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон ин хабарро таъйид кард ва гуфт, марзбонони рус бархе аз лавозимоти фаннӣ ва иншооти хидматиро низ дар ин гузаргоҳ дар ихтиёри марзбонони тоҷик гузоштаанд. Оқои Бобоев афзуд, таҳвили нуқтаи марзии зикршуда тибқи нақша сурат гирифтааст. Вале Александр Кондратев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон гуфт, таҳвили гузаргоҳи Панҷи Поён бо дархости ҷониби Тоҷикистон ба таври фаврӣ ва берун аз тарҳи умумии хуруҷи нируҳои марзбони Русия аз сарҳадоти ҷануби ин кишвар амалӣ шудааст.

Аммо ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиносон, фавран ба дасти марзбонони тоҷик гузаштани гузаргоҳи Панҷи Поён ба бунёди пул дар ин минтақаи сарҳад бо Афғонистон иртибот дорад, ки тибқи маълумоти кумитаи марзбонии Тоҷикистон, қарор аст сохтмонаш дар аввали моҳи июн оғоз шавад. Амрико барои бунёди ин пул ваъдаи 26 миллион доллар сармоя кардааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG