Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкидҳои байналмилалӣ ба зарурати таҳқиқоти мустақили рӯйдодҳои Андиҷон


Рӯзи чоршанбе бо иҷоза ва раҳбаладии маъмурони вазорати умури хориҷии Узбакистон ба як гурӯҳи дипломатҳо ва хабарнигорони хориҷӣ муяссар шуд, аз Андиҷон дидан кунад. Ин нахустин сафари расман иҷозатшудаи нозирони хориҷӣ ба Андиҷон аз замони шурӯъи хушунатҳо дар он шаҳр дар рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта мебошад. Ва аммо сафири Бритониё Девид Моран дар пай гуфт, ки тайи тақрибан якуним соате, ки онҳо ба ҷойи се соати ваъдагӣ дар Андиҷон буданд, ҳайъатро дар кӯчаҳои шаҳр гирд гардонда, иҷозат надодаанд, ки онҳо бо мардуми шаҳри Андиҷон мулоқот ва гуфтугӯ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Луис Арбор, кумиссари олии СММ дар умури паноҳандагон хостори анҷоми як таҳқиқоти мустақили рӯйдодҳои Андиҷон шудааст. Луис Арбор бо изҳори нигаронӣ дар бораи гузоришҳои зиддунақиз роҷеъ ба шумори афроди кушташуда дар Андиҷон ва ҳам дар мавриди истифодаи беш аз ҳадди нирӯ дар муқобили тазоҳургарон, аз давлати Узбакистон замонат хост, ки дар мавриди истифода аз силоҳ ва ҳамчунин дар мавриди озодии баён бар тааҳҳудоти байналмилалиаш амал кунад. Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар умури байналмилалӣ Бенита Фереро Валднер ҳам имрӯз аз пешниҳоди анҷоми як таҳқиқи мустақили рӯйдодҳои Андиҷон пуштибонӣ кард. То кунун Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Амрикову Бритониё ба зарурати анҷоми чунин таҳқиқот дар мавриди ҳаводиси Узбакистон таъкид кардаанд.

Вазири умури дохилаи Узбакистон Зокир Олматов рӯзи чоршанбе, 17 май дар Тошканд гуфт, ошӯбҳои Андиҷонро Кобул Парпиев ном нафаре раҳбарӣ мекард, ки ҳанӯз боздошт нашудааст. Зокир Олматов афзуд, ошӯбгарон тақрибан 50 нафарро дар бинои ҳукумати вилояти Андиҷон дар гарав нигоҳ медоштанд ва чанд нафар аз ин гаравгонҳоро паррондаанд. Ба гуфтаи вазири умури дохилаи Узбакистон, дар ҷараёни рӯйдодҳои Андиҷон 108 нафар аз шаҳрвандон ва 32 нафар аз маъмурони ниҳодҳои интизомӣ кушта шуданд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш додситони кулли Узбакистон Рашид Қодиров шумори қурбониҳоро дар Андиҷон 169 нафар гуфта буд. То ин дам мақомоти Тошканд ҳалокати танҳо 30 нафарро дар он ҳаводис таъйид карда буданд. Ва аммо як гурӯҳи мухолифини узбак мегӯяд, дар натиҷаи хушунатҳо дар вилояти Андиҷон беш аз 700 кас ҳалок шудааст.

Хабари дигар аз минтақа ҳокист, ки дар шаҳри Қаросӯ, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, тақрибан 1 000 нафар алайҳи баста шудани марз аз сӯи мақомоти Қирғизистон эътироз карда ва хостори дубора боз шудани марзи мазкур шудаанд. Марзбонони қирғиз дар шарҳи ин ҳол гуфтаанд, ки тундравони исломӣ мехоҳанд доманаи хушунатҳоро ба тӯли марзи Узбакистону Қирғизистон густариш диҳанд. Сарҳадбонони қирғиз то кунун тақрибан 15 нафарро ҳангоми марзшиканӣ дастгир карда, ба мақомоти Узбакистон бозпас супурдаанд.

Рӯзи чоршанбе дар Лондон, пойтахти Бритониё ва дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ба нишони эътироз ба амали давлати Узбакистон дар Андиҷон намоишҳои эътирозӣ доир шуд. Суханшгӯи Ҳизб-ут-Таҳрир дар Лондон Имрон Воҳид гуфт, садҳо нафар аз мусалмонон дар даври сафорати Узбакистон дар пойтахти Бритониё гирд омаданд. Имрон Воҳид дар бораи талаботи тазоҳуркунандагон гуфт: "Мо раҳоии куллия маҳбусони сиёсӣ ва хатми истибдод аз сӯи режими Каримовро талаб дорем, вале аз ҷониби сафорат посухе шунида нашуд. Ва ин ҷойи ҳайрат нест, чунки сафорат танҳо як намояндагии дипломатии хеле заъифи як давлати тамоман заъиф аст."

Пулиси Бритониё дар пайи тазоҳуроти рӯзи сешанбеи тарафдорони Ҳизб-ут-Таҳрир дар даври сафорати Узбакистон дар Лондон 37 нафарро дастгир кард, вале ба гуфтаи Имрон Воҳид, онҳоро баъди чанд муддат раҳо кардаанд. Ислом Каримов Ҳизб-ут-Таҳрирро дар таҳияи ошӯби Андиҷон бо ҳадафи сарнагун сохтани давлати вай муттаҳам кардааст, вале ин созмон ҳар навъ дасти дахолат доштанаш дар он рӯйдодҳоро радд мекунад.

Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон низ бо ибтикори созмонҳои ҷавонон як тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд. Ҷавонони гирдиҳамомада дар Алма-Ато бо имзои номаҳои дастаҷамъӣ ва ба осмон сар додани паррандаҳои коғазин ҳамраъйии худро бо қурбониҳои Андиҷон намоиш додаанд.
XS
SM
MD
LG