Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмонов ва Қурмонбек Боқиев дар бораи рӯйдодҳои Андиҷон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи чоршанбе, 17 май дар нишасти муштараки хабариаш бо кафили раёсатҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев гуфт, табиист, ки онҳо рӯйдодҳои Андиҷонро бо таваҷҷӯҳ назора мекарданд. Оқои Раҳмонов гуфт, ин масъала пеш аз ҳама кори дохилии Узбакистон аст, вале ба ақидаи вай, адами субот ҳамеша ба минтақа таъсири манфӣ мегузорад, хусусан дар минтақаи пурҷамъияте ба мисли водии Фарғона. Эмомалӣ Раҳмонов афзуд: "Ман фикр мекунам, аз ин ҳодиса нирӯҳои харобкор суъиистифода карданд. Чаро мо намегӯем, ки ин корро кӣ сар кард? Хуни аввалро кӣ рехт? Кӣ ба шӯъбаи милиса ҳамла оварда, милисаҳоро кушт? Кӣ ба қисми низомӣ ҳамла кард, ки мунҷар ба ҳалокати сарбозон гардид?"

Қурмонбек Боқиев, кафили раёсати ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, давлати вай барои 539 нафаре, ки дар ин кишвар паноҳ овардааст, ҳаддалмумкин тамоми шароитро барои як зиндагии инсонӣ фароҳам овардааст ва дар оянда ҳам кӯмаки худро аз онҳо дареғ нахоҳад дошт. Оқои Боқиев гуфт, дар кӯтоҳфурсат маълум хоҳад шуд, ки дар паси ин ҳаводис кӣ меистад, вале, ба ақидаи ӯ, аз ҳоло маълум аст, ки манбаъи ин ҳама тундгароии мазҳабӣ буд.

Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, бесуботӣ дар Узбакистон ба нафъи ҳеҷ яке аз 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ нест ва агар худое накарда, дар ин минтақа ҳодисае рух диҳад, ба пайомадҳои бадтар аз ҷанги Балкан мувоҷеҳ хоҳад шуд. Зимнан Оқои Раҳмонов ба думбол афзуд, таърихи инқилобҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳанӯз соли 1991 оғоз ёфта ва то ҳол идома дорад ва масалан, Тоҷикистон дар солҳои ҷанги дохилӣ 150 000 қурбонӣ дода ва ба маблағи 7 миллиард доллар хисороти молӣ дидааст, ки сабақаш то дергоҳ аз ёди мардум нахоҳад рафт. Эмомалӣ Раҳмонов ҳузури беш аз 100 нашрияи мустақил, 6 ҳизби сиёсӣ ва тақрибан 3 500 созмони ғайридавлатӣ дар кишварашро аз дастовардҳои давлати худ дар роҳи демократия номид, вале гуфт, шитоб додани ислоҳот ва равандҳои демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ басо хатарнок аст.
XS
SM
MD
LG