Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатари фурӯ рафтани макотиби ҷашнӣ дар Кӯлоб


Кӯлоб

Дар арафаи соли таҳсил дар Кӯлоб ду мактаби ҷадид ва замонавӣ мавриди истифода қарор гирифта буд. Ва аммо мактаби таҳсилоти ҳамагонии ба номи Худоёр Раҷабов пас аз буридани лентаи рамзӣ дар рӯзи ифтитоҳаш, ки нахустин рӯзи тадрис буд, фурӯ рафт ва таҳсил дар ин мактаб қатъ гардид.

Мактаби ба номи Ашӯр Сафаров, мадрасаи дигари ҷадид низ ҳамакнун ба оҳистагӣ фурӯ меравад. Моҳшариф Файзуллоева, мудири мактаби мазкур мегӯяд: «Толори варзишӣ ва як қисмати ошёнаи аввал фурӯ рафт ва омада онро барқарор карданд. Аммо он боз дигарбора фурӯ рафтааст.» Хонум Файзуллоева меафзояд, сабаби аслии валангоргардии мактаби мазкур дар худнамоии масъулини сохтмони ҷашнвораи 2700 - солагии Кӯлоб будааст, ки сохтмони нотамомро ба маърази истифода гузоштаанд: «Сабаби ҳамаи ноқисиҳо дар кори сохтмон осемасарии бинокорон буд. Онҳо омад - омади ҷаноби олиро шунида, корро саросема карданд ва ана бубинед, ки бино дар чӣ ҳол аст!? Агар ин биноро дар як сол неву дар якуним ду сол месохтанд, шояд ин кор намешуд.»

Ва аммо дар ҳоле, ки масъулини ҷашновораи 2700 - солагии Кӯлоб дастандаркорони сохтмони пастсифати макотибро меҷӯянд, волидайн ҳар яке фарзандони худро барои 20 дирамӣ бима мекунанд, то дар сурати иттифоқ уфтодани кадом фалокате дар макотиб барои кӯдакони худ ҳадди ақал дармонпулӣ ёбанд. Ҷаббор Амиршоев, раҳбари бахши минтақавии ширкати бимаи давлатӣ мавсум ба «Тоҷикинвестгосстрах» гуфт, ки то кунун ин идора ба 65 муҳассили макотиби таҳсилоти ҳамагонии Кӯлоб барои ҷароҳати дар синфхонаҳо бардошта 1 300 сомонӣ пардохтааст.
Сайёфи Мизроб, Кӯлоб
XS
SM
MD
LG