Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарди сахт ва афзояндаи Тоҷикистон


Ҳелга Конрад - фиристодаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо доир ба мубориза бо қочоқи инсон аз омодагии Тоҷикистон дар мубориза бо ин падида қадрдонӣ намуд. Хонум Конрад дар пайи мулоқоташ бо мақомоти тоҷик дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт:

«Мо қабули Қонуни Тоҷикистон дар бораи мубориза бо қочоқи инсонро як гоми муҳим дар ин самт арзёбӣ менамоем ва ин дар мулоқот бо мақомоти тоҷик зикр шуд. Ҳамчунин мо роҳандозии комиссия муштараки давлатиро дар ин самт иқдоми муассир мушуморем. Ҳамзамон бо ин роҳандозии як барномаи миллии мубориза бо ин падидаро дар Тоҷикистон зарурӣ медонем ва интизори мо ин аст, ки чунин иқдомро ин кишвар дар оянда бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ рӯи даст бигирад».

Хонум Кондрад рафъи мушкилоти иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва мубориза бо фасоди молиро аз авомили аслии мубориза бо қочоқ ва фурӯши инсон номид ва гуфт, ин САҲА талош меварзад, то дар ҳалли ин масоил ҷомеаи байналмилал ба Тоҷикистон кӯмак расонад.

Ва аммо дар ҳамин ҳол мақомоти тоҷик аз афзоиши мавориди қочоқу фурӯши инсон дар кишвар изҳори нигаронӣ менамоянд. Ба гуфтаи онҳо, дар чанд соли охир раванди мазкур дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон низ густариши чашмгир доштааст. Раъно Додоматова - корманди аршади раёсати мубориза бо траффики инсони вазорати дохилии Тоҷикистон афзоиши муҳоҷирати корӣ ва вазъи нобасомони иҷтимоиву иқтисодиро аз сабабҳои аслии афзоиши қочоқи инсон дар кишвар медонад: «Таҳқиқоти ахир баёнгари он аст, ки масъалаи мазкур торафт абъоди васеъ ба худ касб менамояд ва агар дар баробари он ҷиддан иқдом нашавад, паёмадҳои он барои ҷомеа ногувор хоҳад буд. Бо ин ҳадаф аз моҳи апрели соли 2004 дар вазорати дохилии Тоҷикистон раёсати вижаи муқобила бо қочоқи инсон таъсис дода шудааст. Танҳо дар соли аввали таъсиси ин ниҳод бо кӯмаки кормандони он дар кишвар дар заминаи ҷиноёти марбут ба қочоқи инсон 80 ҳодиса ошкор гардидааст. Аз ҷумла аз ин миён 8 ҳодиса ба фурӯши ғайриқонунии инсон, 15 маврид ба фурӯши атфолу кӯдакони ноболиғ, 6 маврид ба рабудани инсон ва ҳамчунин 33 ҳодиса ба гаравгонгирӣ марбут аст.»

Нигина Муҳаммадҷонова корманди барномаи кӯмак ба зарардидагони қочоқи инсони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар соли 2004 беш аз 30 нафар занону духтарони фиреб хӯрда, барои кӯмак ба ин созмон муроҷиат намудаанд.
XS
SM
MD
LG