Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси нуктаҳои нави тиҷоратӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


Қурғонтеппа

Палата ё утоқи бозаргони Хатлон тасмим дорад, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз афзоиши бекорӣ ва ҳуруҷи нерӯи корӣ аз дохили Тоҷикистон таъсиси нуқоти туҷории доимо фаъолро дар навоҳии ба вижа наздимарзии минтақа таъсис диҳад. Усмон Каримов, раиси утоқи бозаргони Хатлон мегӯяд, ба дунболи таъсиси чунин як корхонаи пайвандгари соҳаи бозаргонӣ равобити марокизи туҷҷорӣ ва ширкатҳои дар минтақа фаъол бо ҳамтоёни хориҷии худ афзоиш ва дар мавриди воридоти маҳсулоти баландсифат мусоидат кардааст.

Оқои Каримов, ҳамчунин афзуд дар робита ба таъсиси марокизи савдои доимо фаъол дар навоҳии минтақа утоқи бозаргони Хатлон бо муассисот ва ширкатҳои хусусии тиҷоратии кишварҳои ҳаммарзи Афғонистону Чин ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш додааст. Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз қабл дар минтақаҳои ҳаммарзи Чин бо Тоҷикистон намояндагии палатаи бозаргонӣ ва саноеи Тоҷикистонро боз хоҳанд кард, ки дар ин маврид бештар ба равобити тиҷоратии бозаргонони ин кишвар бо навоҳии марзии Хатлон таваҷҷӯҳ хоҳад шуд.

Ӯ афзуд ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тоҷирони Хатлон ва музофотҳои наздимарзи Афғонистон мулоқоти намояндагони ширкатҳои туҷҷории вилояти Қандаҳор бо роҳбарии волии ин вилоят баргузор шуд ва дар ин мулоқот масоили таъсиси нуқоти савдои наздимарзӣ бо ин кишварро баррасӣ карданд.

Усмон Каримов мегӯяд, феълан ҳудуди 30 корхонаҳои саноатӣ ва муассисоти тиҷорати хусусиву давлатии минтақа узви Палатаи бозаргонӣ ва саноеии Хатлон мебошанд, ки дар соли ҷорӣ равобити ин корхонаҳоро бо тасвиби қарордоди дуҷониба бо чанде аз ширкату муассисоти кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дубора барқарор кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG