Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарҳои "Сомониён"-ро бастанд


Ходимони пулиси андоз, ё молиёти Тоҷикистон субҳи сешанбеи 17 май фаъолияти телевизиони ғайридавлатии "Сомониён"-ро мутаваққиф карда ва ба дари идораи он мӯҳр задаанд. Икром Мирзоев - раиси телевизиони мустақили "Сомониён" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ходимони идораи пулис вориди студияи "Сомониён" шуда ва маҷбурӣ ба дарҳои идора мӯҳр заданд. Ба гуфтаи Икром Мирзоев, ходимони пулиси молиёт бар асоси номаи Абдулатиф Саидов - муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба дари идораи ӯ мӯҳр задаанд.
Абдулатиф Саидов - муовини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон таъйид кард, ки нома бо имзои ӯ ирсол шудааст, вале вай гуфт, қазияи телевизиони "Сомониён"- ро бо идораи бозрасӣ таҳқиқ кардааст.
Баракатулло Абулфайзов - сардори идораи бозрасии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, мӯҳлати муҷаввиз ва ё литсензияи фаъолияти "Сомониён" ба охир расида ва масъулини ин шабака ҷиҳати тамдиди он дубора ба мақомот муроҷиат накардаанд. Оқои Абулфайзов баста шудани идораи ин шабакаро аз тарафи пулиси молиёт қонунӣ ҳисобид. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раиси шабакаи "Сомониён" асноди ӯро ҷиҳати тамдиди муҳлати муҷаввизи фаъолият Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон бепосух гузоштааст.
XS
SM
MD
LG