Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Узбакистон мегӯяд, муҳоҷирони Андиҷон паноҳанда нестанд


Раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, ки ба таври ғайримунтазира дар нишасти хабарии додситони кулли ин кишвар ширкат кард, зимни такрори ҳарфҳои пешини худ дар мавриди авзоъи Андиҷон гуфт, онҳое, ки ба Қирғизистон фирор кардаанд, паноҳанда нестанд, балки афродеанд, ки дар хушунатҳои шаҳри Андиҷон даст доштанд. Вай афзуд, ки касоне, ки дар марз ҷамъ шудаанд ва мусаллаҳанд, бояд кишварро тарк кунанд.
Дар ҳамин ҳол Созмони Афви Байналмилал дар баёнияе, ки имрӯз мунташир кардааст, мегӯяд, танҳо таҳқиқоти мустақил метавонад, ҳақиқатро дар бораи хушунатҳои ахир дар Узбакистон рӯшан кунад. Ин созмон дар бораи ҳалокати теъдоди зиёди мардум бо шумули занону кӯдакон дар шаҳри Андиҷони Ӯзбакистон изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, тарси онро дорад, ки давлати Узбакистон ин хушунатҳоро баҳонаи манъи минбаъдаи озодии баён дар кишвар қарор хоҳад дод. Шумори дақиқи афроди кушташуда дар хушунатҳои охири ҳафтаи гузашта дар Андиҷон то ҳол маълум нест. Аммо Рашид Қодиров, додситони кулли Узбакистон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд гуфт, дар ҷараёни рӯйдодҳои Андиҷон 169 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 32 нафари онон низомиёни давлатӣ буданд. Дар ҳамин ҳол мухолифини ҳукумати Узбакистон шумори кушташудагон дар ин ҳодисаҳоро наздик ба 750 нафар тахмин задаанд.
Мирасрори Фарғонӣ, Тошканд, Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG