Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назари шумо ба рӯйдодҳои Андиҷони Ӯзбакистон


14-уми майи 2005 Андиҷон Сардабири маҷаллаи "Ҳамнафас",Салими Аюбзод, ба ҳамаи онҳое ки бо ин барнома дар робитаи электронӣ қарор доранд, суолеро фиристод, ки оё шумо ба рӯйдодҳои Андиҷон чӣ назар доред ва дар ҷавоб чунин посухҳо расид:

Ба номи худои бахшанда ва бахшоянда.
Имрӯз шумо саволе ба миён гузоштед, ки ман бисёр интизораш будам ва бо камоли майл назари шахсии худро баён медорам.
Ӯзбакистон 13 сол боз давлати демократӣ номида мешавад, вале мардуми он нишонеро аз демократия ҳанӯз надидааст. Ин мардум озод будан ва озод сухан карданро начашидааст.
Ҳар кас ки ҳуқуқи худро талаб кунад ва ё сухани озод гӯяд, хоини давлат номида мешавад ва барои 7-11 сол зиндонӣ мегардад. Мардум оддитарин урфу одати худро дар маъракаҳои худ иҷро карда наметавонад.
Баъзеҳо аз Тоҷикистон истода мепурсанд, чаро тоҷикони Ӯзбакистон ҳуқуқи худро талаб карда наметавонанд. Охир, агар талаб кунед, зуд шуморо беномунишон мегардонанд. Додгоҳ дар кишвари мо худ ба ягон қонун риоят намекунад ва ҳамаи он аз поён то боло дурӯғ аст.
Ана, имрӯз, мардуми ҷон ба лабрасидаи Андиҷон ба даъво бархост, то аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад. Вале сардори давлат онҳоро бо як калима "террорист" номид. Занон ҳам террорист, кӯдакон ҳам террорист ва мӯйсафедон ҳам террорист.
Ин воқеъа ба ёди ман чизи дигарро овард, ки дар соли 2001-ум ин сардори муштзӯр зодгоҳи ман кӯҳистони Сурхондарёро, танҳо барои он ки аҳолияш тоҷик аст ва бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, ба харобазор табдил дод. Моро, бе ягон гуноҳ, рамавор ба дашти Шерободу Мирзообод кӯчонданд ва барои бачаҳои мо мактабҳои ӯзбакӣ кушоданд. Ҳар касе ки ба ин муҳоҷирати маҷбурӣ розӣ набуд, мавриди латукӯб ва баъдан мӯҳлатҳои дароз маҳбас қарор гирифт. Барои ҳамин андешаи ман ин аст, ки мардуми Андиҷон на барои сохтани хилофати исломӣ, балки барои ҳифзи ҳуқуқи инсонии худ ва зидди зӯроварии милисаву додгоҳ ба майдон баромад.
Ҳар чизе ки ман ин ҷо қайд кардам, аз ҳақиқат ягон қатра ҳам дур нест. Аммо бисёр хоҳиш мекунам, номи маро эълон накунед. Сабабашро аллакай дар аввали номаам гуфтам.
Бо эҳтиром Ҳамнафаси шумо аз Ӯзбакистон.
-----------------------------------------------------------------
Вақте ҳукумат мардумро зери шиканҷаи худ нигоҳ медорад, одамоне ёфт мешаванд, ки ҷони худро барои озодии ин мардум ба хатар мегузоранд. Аммо дар рӯйдодҳои Қирғизистон ва Ӯзбакистон дасти тавонои Амрико хеле олӣ эҳсос мешавад. Ин ҳам монанди ҷустуҷӯи силоҳи ҳаставӣ дар Ироқ ва Ал-Қоида дар Афғонистон аст, акнун дар ин ҷо Ҳизб-ут-Таҳрир. Вале зарари ин рӯйдодҳо ба Тоҷикистон хеле калон буда метавонад. Тамоми роҳҳои оҳани Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон мегузаранд ва бе ин ҳам мусофирони тоҷик аз ҷаври марзбонону гумрукиёни Ӯзбакистон ба дод омадаанд. Вале мо, мардуми Тоҷикистон, хостори сулҳем. Беш аз ҳама моро хатари нооромӣ ва гуруснагиву бародаркушӣ ташвиш медиҳад. Бар замми ин кулли васоити ахбори оммаи давлатӣ аз таҳлилу ташреҳи ин рӯйдодҳо даст кашида, мардумро дар бӯҳрони иттилоотӣ қарор додаанд. Худо инсофи президенти Тоҷикистонро диҳад, то кӯшиш кунад, ки чунин воқеъаҳо дар кишвари мо дигар ба вуқӯъ напайванданд. Чунки заҳри ҷудоиву талхии замонаро тоҷик аз ҳам пештар ва аз ҳам бештар чашидааст.
Дабир Кабиров, шаҳри Хуҷанд
------------------------------------------------------
Ӯзбакистон кишвари ман аст, ман тоҷикам, вале шаҳрванди Ӯзбакистон. Рӯйдодҳои Андиҷон ҳамаи моро ба ташвиш овардаанд ва мамлакатро ноором кардаанд. Ба фикри ман, онҳо як инертсия ва ё пайқувваи воқеъаҳои Қирғизистонанд. Онҳое ки ба майдон баромадаанд, гӯё барои он ки зиндагиро беҳтар кунанд, вале дар асл зиндагии бад боз ҳам бадтар мешавад. Аммо аз тарафи дигар ҳамаи мо дар кӯчаи сарбаста ҳастем. Ҳукумат 14 сол боз ваъда мекунад, ки дар Ӯзбакистони соҳибистиқлол зиндагӣ аз замони шӯравӣ ҳам беҳтар мешавад, дар амал ин шиор танҳо фиреби мардум аст. Ман аз эҳтимол дур намедонам, ки аз рӯи ҳамон омили пайқувва ва ё инертсия ин рӯйдодҳо ба дигар манотиқи кишвари мо низ асар хоҳанд кард. Ман, албатта, тарафдори шӯриши навбатӣ нестам ва умедворам, ки рӯйдодҳои Андиҷон ҳукуматро ба ҳуш меоранд, аммо ба як савол ҷавоб дода наметавонам, ки оё мардум ба чунин шӯриш ҳақ дорад ё не?
Бо эҳтиром Ф.Ф. Ҳайратзада
-------------------------------------------------
Ман хеле кӯтоҳ ба ин суоли шумо ҷавоб медиҳам. Раҳмонов бояд дар марвиди нафароне ки бе гуноҳ дар паси панҷара зиндонӣ ҳастанд, камтар фикри бештар кунад, то Андиҷон дар Душанбе такрор нашавад.
Маҳдӣ Хуршедзод
----------------------------------------------
Дар Ӯзбакистони ба мо ҳамсоя кӯшиш доранд, рӯйдодҳои Гурҷистон, Украина ва Қирғизистонро такрор кунанд. Аммо дар чунин кишвар ин як кори осон нест. Ва фарқ дар байни Каримову Оқоев аз замин то осмон аст. Оқоев як одами фарҳангӣ буд ва нисбат ба дигар президентҳои Осиёи Марказӣ муносибати дӯстона дошт. Каримов шумораи кормандони полиси худро ба 2 миллион нафар расондааст ва маълум аст, ки ба осонӣ аз тахт намравад. Чизи дигар ин аст, ки ҳамеша ҳукуматҳо баҳонаи шӯришро ба дасти мардум медиҳанд, на ин ки мардум худ дар орзуи шӯриш бошад.
Аббоси Тилло
-----------------------------------------------------------
Он сӯҳбатҳо, ки гӯё тундравони исломӣ, Ҳизби таҳрир ва ё худ Амрико дар ин рӯйдодҳо даст доранд ва гӯё дар хориҷ аз Ӯзбакистон тарҳрезӣ шудаанд, аз афсонае ва ё ҳарзае беш нестанд. Ба назари банда, ҳар коса, аз ҷумла косаи сабр, вақте ки лабрез шуд, пеши роҳи онро гирифтан намешавад. Мушкили Ӯзбакистон бо тирборон ва куштани мардуми худ ҳал намешавад, он бояд ба ҳалли бӯҳрони шадиди умумӣ ҷиддан андеша кунад.
Хилватшо Хоҷаев
------------------------------------------
Ба назари ман он террористоне ки аз Ҳизби таҳриранд, бояд ҷазояшонро кшанд ва ин хатар бояд ба дигар давлатҳои ҳамсоя халал нарасонад ва худашон бояд ҳал кунанд.
Фаридун Маҳкамов
------------------------------------------
XS
SM
MD
LG