Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Созмони Милал аз ҳукуматҳои Узбакистон ва Қирғизистон


Пас аз рӯзҳои хушунатбор дар шаҳри Андиҷони Узбакистон ва атрофи он Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз ҳукуматҳои Узбакистон ва Қирғизистон хост, марзҳои худро ба рӯи фирориёни воҳимазада боз нигоҳ доранд.
Ҷенифер Пагонис - сухангӯи ин идора гуфт, дастаи махсуси ин муассиса барои имдод ба кормандони ниҳод дар минтақа ба роҳ баромада, ҳамчунин кӯмакҳои аввалия аз анборҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ӯш ба манотиқи марзӣ фиристода ва байни фирориён тақсим шудааст.
Ҷеннифер Пагонис дар Женева гуфт, кӯмакҳои иловагӣ аз ҷумла 150 хайма аз анборҳои ин идора дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, барои фирориён фиристода шудааст. Рӯзи шанбе як гурӯҳи 550-нафарӣ ба Ҷалолобод фирор кард, ки дар миёни онҳо 84 зан ва 11 тифл низ ҳастанд.
Ба гуфтаи Пагонис 541 нафари онҳо дар қароргоҳи низомие дар наздикии шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон ҷойгир шудаанд ва Созмони Милали Муттаҳид бо муассисаи имдодии ACTED музокира мекунад, то ғизо харидорӣ ва ба фирориён тақсим кунанд. Хадамоти Муҳоҷирати Қирғизистон барои гурезаҳо кортҳои махсуси иқомати 10-рӯза содир кардааст. Ба гуфтаи Пагонис, паноҳандагон гуфтаанд, онҳо шом дар Андиҷон буданд, ки низомиён ба тирандозӣ шурӯъ карданд. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон нақл кардаанд, ки воҳима дар миёни мардум паҳн шуда, бисёри одамон барои ҳифзи ҷони худ фирор карданд, аммо хиёбонҳо таввасути сарбозон баста шуда буд. Муҳоҷирон ҳамчунин нақл кардаанд, ки дар 10 соат ба марзи Қирғизистон расидаанд ва мардуми деҳот ба онҳо кӯмак кардаанд, то онҳо ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд. Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид билофосила ба ин фирориён ғизову хаймаву кампалҳо фиристодааст ва мегӯяд, барои таъмини амнияти онҳо метавонад, баъзе гурӯҳи фирориёнро ба ҷои дигар кӯчонад.
XS
SM
MD
LG