Пайвандҳои дастрасӣ

Бепарвоӣ ба сарнавишти фарзандон ва ё чизи дигар?


Кулоб

Волидайн дар Кулоб бар ивази 1 доллар намехоҳанд, фарзанди худро расман сабти ном кунанд. Назокат Қосимова - раиси шӯъбаи сабти асноди шаҳрвандӣ, ё худ ЗАГС-и Кулоб мегӯяд, қиммати шаҳодатномаи таваллуд ҳамин маблағро ташкил мекунад ва аммо падару модарон дар аксари маврид намехоҳанд, ин санадро барои атфоли худ бигиранд.

Хонум Қосимова меафзояд, танҳо дар 7 солагӣ, мутобиқ ба синну соли шурӯъи таҳсил волидайн барои кӯдакони худ шаҳодатнома мегирифтаанд: «Волидайн замони ахир бафурҷа шудаанд. Интизор мешаванд, ки кай кӯдаки онҳо 7 сола мешаваду ба мактаб меравад ва танҳо ҳамин вақт барои тифл шафодатнома мегиранд. Аммо мо кӯшиш мекунем, ки ин бенизомӣ аз байн равад ва падару модарон барои кӯдакони худ аз рӯзи нахустини таваллуд ҳуҷҷат гиранд.»

Агар соли 1992, як сол баъд аз фурӯпошии шӯравӣ дар водӣ беш аз 3000 кӯдаки навзо ба қайд гирифта шудааст, пас дар соли 2004 танҳо 800 тифл шаҳодатнома гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот, дар Кулоб садҳо нафар кӯдаки то 7-сола ҳастанд, ки дар ягон идораи давлат расман сабти ном нашудаанд ва ҳуҷҷат ҳам надоранд. Бо вуҷуди ин дар идораи сабти асноди шаҳрвандӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин авохир ҳуҷҷатгузорӣ дар мавриди никоҳу талоқ ва таваллуди кӯдак ба танзим медарояд.

Ба унвони мисол, дар се моҳи соли ҷорӣ таваллуди 565 кӯдак расман ба қайд гирифта шудааст. Духтури таваллудхонаи шаҳри Кулоб Раъно Бобохонова мегӯяд, ин теъдоди кӯдаконест, ки дар таваллудхонаҳо ба дунё омадаанд, аммо шумори заноне, ки дар хона таваллуд кардаанд, низ кам нест ва аз садҳо мегузарад.
XS
SM
MD
LG