Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишори афзояндаи байналмилалӣ ба Ӯзбакистон


Ҳукумати Узбакистон ба думболи ҳодисаҳои шаҳри Андиҷон ва гузоришҳо доир ба ин ки нерӯҳои давлатӣ садҳо нафар тазҳургарро дар ин шаҳр куштанд, таҳти фишори афзояндаи кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтааст. Вазири умури хориҷаи Бритониё Ҷек Стро аз ҳукумати Узбакистон хостааст, то ба маъмурони имдодӣ, дипломатҳои хориҷӣ, ва хабарнигорон фавран иҷоза бидиҳад, аз Андиҷон дидан кунанд. Тибқи гуфтаҳои шоҳидон, рӯзи ҷумъа нерӯҳои амниятӣ ба сӯи тазоҳургарон оташ кушода, беш аз 500 нафарро куштанд.
Созмони Авфи Байналмилал истифодаи нерӯи барзиёд таввасути ҳукумати Узбакистонро маҳкум карда ва хостори таҳқиқоти фаврӣ ва мустақилонаи ҳодисаҳои Андиҷон шудааст.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки аз гузоришҳо доир ба он ки маъмурони амниятии Узбакистон ба рӯи тазоҳургарон оташ кушоданд, амиқан нороҳат аст. Ричард Баучер - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш ба мақомоти Узбакистон ҳушдор додааст, то аз хештандорӣ кор бигирад. Ричард Баучер афзудааст, ки ҳукумати Амрико ҳамчунин ҳамлаи ғайринизомиён ба маҳбаси Андиҷон ва дигар муассисаҳои давлатиро маҳкум мекунад.
Раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар хушунатҳои шаҳри Андиҷон тундравони исломиро муттаҳам намуда, ҳар гуна оташфишонӣ ба сӯи тазоҳургаронро рад мекунад.
Ҳодисаҳои хунбори Андиҷон дар аксҳо
XS
SM
MD
LG