Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андешаҳои ҷавонони тоҷик доир ба хушунатҳо дар Андиҷон


Воқеъаҳои 13 май дар Андиҷон ва бархӯрди ҳукумати Ӯзбакистон бо он амале буд, ки ҳамакнун метавонад вазъро дар Ӯзбакистон ва минтақа ноором гардонад. Ин андешаи Фахриддини Холбек - таҳлилгари ҷавони масоили сиёсӣ аст ва ба ақидаи ӯ ин тарзи бархӯрд ғайриинсонӣ ва аз нигоҳи сиёсӣ хатогии маҳзи ҳукумати Каримов буд. Ин хато ва умуман, ҳар гуна кӯшиши зӯроварӣ аз болои мардуми бе ин ҳам норозӣ вазъро бештар муташанниҷ мегардонад, мегӯяд Зарафо Раҳмонӣ - сиёсатмадори ҷавони тоҷик. Бону Зарафо мегӯяд, кушта шудани мардуми бегуноҳ равғане дар оташи ғазаби мардум аст.

Фахриддини Холбек мӯътақид аст, ки бо зӯри силоҳ наметавон аз бурузи нооромиҳое, ки сарчашмаи иҷтимоӣ доранд, ҷилавгирӣ кард: «Мушкилоте, ки дар водии Фарғона вуҷуд дорад, бо роҳи зӯр, бо роҳи саркӯб кардани шӯришҳо яктарафа карда намешавад ва вақте ки мушкилот боқӣ мемонад, ҳамон мардуми норозӣ боқӣ мемонад, як рӯз не, як рӯз боз метавонад сар бардорад.»

Назари ҷавонони тоҷикро дар мавриди ҳодисаҳои ахири Ӯзбакистон зери ин хатти сабз бишнавед.

Дар ҳамин ҳол, танҳо иддаи хурди ҷавонони тоҷик дар бораи ҳодисаҳои Андиҷон иттилоъи кофие доштаанд. Дар Бишкек бо ибтикори чанд созмони ҷавонон, ҷавонони қирғиз ба нишони арҷ ба қурбониёни чанд рӯзи ахир назди сафорати Ӯзбакистон ҷамъ шуда гулчанбар гузоштаанд ва ҳам ҳамраъйии худро бо мардуми оддии ӯзбак эълон кардаанд. Вале ҷавонони тоҷик ба ин ҳодиса мароқе зоҳир накардаанд, мегӯяд бону Зарафо Раҳмонӣ. Ӯ мегӯяд, ҷавонон иттилооти кофӣ надоштанд, зеро расонаҳое, ки дастраси онҳоянд, маълумоти кофӣ нарасониданд. Бону Зарафо мегӯяд, ҷавонони тоҷик ба андозае аз сиёсат дур мондаанд, ки ҳатто аз воқеъаҳои ҷумҳурии ҳамсоя хабардор нестанд.

Фахриддини Холбек мегӯяд, аксари ин ҷавонон на танҳо ба ҳодисаҳои хориҷ, балки ба рухдодҳои кишвари худашон таваҷҷӯҳ надоранд.
XS
SM
MD
LG