Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоиши фиристодаи САҲА аз талошҳои Тоҷикистон


Масоили мубориза бо қочоқ ва фурӯши ғайриқонунии инсон дар меҳвари гуфтугӯҳои Ҳелга Конрад - фиристодаи вижаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтааст. Игор Сатторов - сухангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон гуфт, хонум Конрад баъд аз зӯҳри 16 май бо мақомоти вазоратҳои умури дохилӣ, амният, додситонии кул ва ҳамчунин вазорати меҳнати Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқотҳо, роҳҳои тақвияти мубориза бо қочоқ ва фурӯши инсон, ҳамчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратхонаҳо дар ин самт мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд. Бино ба иттиллои Маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе, Ҳелга Конрад зимни мулоқот бо ин мақомот, талошҳои мақомоти Тоҷикистонро дар мубориза ва ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон муассир арзёбӣ намудааст.
Қочоқи инсон дар чанд соли охир ба як мавзӯъи доғ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Порлумони Тоҷикистон бо ҳадафи таъмини заминаи ҳуқуқии мубориза бо ин падида соли гузашта Қонуни мубориза бо қочоқи инсонро ба тасвиб расонидааст.
Бар асоси омори Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, дар чор моҳи соли 2005 дар Тоҷикистон 70 мавриди қочоқ ва фурӯши инсон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат аз сӯи додситонии ин кишвар дар ин робита 16 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG