Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Ғарб дар мавриди панҷаи оҳанини Ислом Каримов ва сукути Амрико


Маъсумаи Турфа

Рӯзномаҳои Бритониё ва Амрико имрӯз, 16 май дар таҳлили рӯйдодҳои ахири Андиҷон дар ду маврид ҳамназаранд: Аввал ин ки шӯриш дар Андиҷон ва навоҳии атрофи он натиҷаи мустақими навъи давлатдории Ислом Каримов раисиҷумҳури Узбакистон аст. Дуввум ин ки куллияи ин рӯзномаҳо аз вокуниши давлати Амрико дар тааҷҷубанд, ки бо тамоми иддаоҳои он дар мавриди тарафдорӣ аз демократия ва ҳуқуқи башар дар мавриди тирандозӣ ба рӯи мардум дар Андиҷон хомӯш будааст.

Рӯзномаи "Ҳералд Трибюн" дар гузориши муфассал зимни тавзеҳи охирин таҳаввулот менависад, "Ҳар он чӣ ки реша ва ё натиҷаи рӯйдодҳои Узбакистон бошад, он чӣ рух медиҳад, озмоише барои шеваи давлатдории Ислом Каримов аст, ки раҳбари пешини ҳизби коммунист буда ва аз замони суқути шӯравии собиқ пурҷамъияттарин ҷумҳурии Осиёи Миёнаро, ба гуфтаи "Ҳералд Трибюн" бо панҷаи оҳанин дар контрол гирифтааст." "Ҳералд Трибюн" меафзояд, ӯ аз раҳбарони яккатоз аст, ки ба хотири рафтори бераҳмона бо мухолифонаш ва ба хотири иҷоза надодан ба озодии баён ва мазҳаб ва истифодаи пайваста аз нирӯҳои пулис барои саркӯб кардани мухолифон ва шиканҷаи онҳо сахт мавриди интиқоди ҷомиаи байналмилалӣ будааст.

"Дейли Телеграф"-и чопи Лондон, ки рӯзномаи наздик ба ҳизби муҳофизакори Бритониёст, менависад, "зоҳиран тазоҳурот нишон медиҳад, ки он панҷаи оҳанин каме заъиф шудааст ва агар чунин бошад, нооромӣ ва бӯҳрон мумкин аст домангири минтақа шавад." "Вошингтон Пост" менависад, Узбакистон яке аз фосидтарин режимҳои минтақаро дорад ва дар феҳрасти созмони "Шаффофияти Байналмилалӣ" дар миёни 146 кишвари ҷаҳон ҷойи 114-умро дорад. "Вошингтон Пост" мегӯяд, нозирони вақоеъ гузориш кардаанд, ки шароити сахти 23 зиндонии тоҷир яке аз далоили аслии оғози нооромист, аммо давлати Узбакистон мегӯяд, онҳо аз аъзои Ҳизб-ут-Таҳриранд. "Чикаго Трибюн" ҳам ибораи "панҷаи оҳанин"-ро дар мавриди ҳукумати Ислом Каримов ба кор мебарад ва мегӯяд, "оқои Каримов бо панҷаи оҳанинаш дар садри ҳукумате нишастааст, ки мураттабан аз сӯи созмонҳои ҳуқуқи башар мавриди интиқод будааст." Ба назари нависандаи мақола, "сиёсатҳои истибдодии Ислом Каримов Узбакистонро табдил ба маҳалли муносибе барои рушди гурӯҳҳои хушунатгаро ва тундрав кардааст, дар ҳоле ки ҳадафи оқои Каримов решакан кардани ҳамин гурӯҳҳо буд."

Дар мавриди бетарафӣ ва ё сукути нисбии давлати Амрико тақрибан куллияи рӯзномаҳо аз давлати Ҷорҷ Буш интиқод мекунанд. "Ҳералд Трибюн" менависад, бо вуҷуди он ки ҳукумати Исдлом Каримов диктаторист, ӯ тавонистааст робитаи хубе бо Амрико дошта бошад, зеро манофеъи ду кишвар ба якдигар наздик шудаанд. Рӯзномаи "Гордиан", чопи Лондон мегӯяд, барои нахустин бор тафовути миёни Бритониё ва Амрико дар вокуниши онҳо ба рӯйдодҳои Узбакистон ва яке аз ёрони бовафои онҳо рӯшан шуд. "Гордиан" меафзояд, дар ҳоле ки вазорати хориҷаи Бритониё ба сахтӣ аз ҳамла ба тазоҳуркунандагон ба унвони нақзи ҳуқуқи башар ёд кард, Кохи Сафеди Вошингтон фақат дар мавриди ҳузури террористҳо иброзӣ нигаронӣ кард. Рӯзномаи "Таймс" дар ҳамин бора менависад, Узбакистон масъалаи буғранҷ барои Амрико шудааст, зеро то ба ҳол ёри вафодоре буд, ки дар мубориза алайҳи терроризм ба Амрико иҷоза дод, дар хоки Узбакистон пойгоҳи ҳавоӣ дошта бошад, аммо акнун ҳамон ёри вафодор мавриди интиқоди созмонҳои ҳуқуқи башар аст. "Таймс" аз сафири пешини Бритониё дар Узбакистон Крейг Марри нақли қавл мекунад, ки гуфтааст, "аҷсоди садҳо тазоҳуркунандаи тарафдори демократия ҳанӯз сард нашуда буд, ки Кохи Сафеди Вошингтон ба думболи фирор аз посухи масъулияти худ мегашт."

Рӯзномаи "Кристиан Сайенс Монитор" навиштааст, давлати Амрико, ки бо шавқи бисёр аз инқилобҳои Гурҷистон, Украина ва Қирғизистон истиқбол кард, дар мавриди рӯйдодҳои Узбакистон мулоҳизакор будааст. Ин рӯзнома ба нақл аз сухангӯи Кохи Сафед мегӯяд, мо нигарониҳое дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон дорем, бахусус нигарони он ҳастем, ки баъзе аъзои гуруҳи террористӣ аз зиндони Андиҷон озод шуданд. Рӯзномаи "Таймс" ин мавзӯъро думбол карда мегӯяд, вақте аз ҳамин сухангӯ суол шуд, ки вокуниши шумо ба тирандозии нирӯҳои давлатии Узбакистон бар мардуми ғайримусаллаҳ ва осишта чист, ӯ посух дод, ки мардуми Узбакистон мехоҳад давлати демократӣ рӯи кор биояд, аммо ин кор бояд аз роҳи сулҳомез сурат пазирад, на бо хушунат. Куллияи рӯзномаҳо навиштаанд, ки президент Ислом Каримов масъулияти рӯйдодҳоро аз душманони Узбакистон ва гурӯҳҳои тундрави исломӣ медонад.
XS
SM
MD
LG