Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 70 нафар дар Андиҷон


Вазири умури дохилаи Узбакистон Зокир Алматов имрӯз гуфтааст, ки дар робита ба хушунатҳои ахири шаҳри Андиҷони ин кишвар 70 нафар боздошт шудаанд ва дар байни онон афроде ҳастанд, ки дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба идораи полис ва як воҳиди низомии Андиҷон ширкат доштанд. Ҳамлаварон дар ин ду муассиса аслиҳа ба даст оварда, сипас ба маҳбаси низомаш шадид ҳуҷум ва аз он садҳо нафар маҳбусро озод карданд.
Чанде баъд аз ин ҳаводис дар майдони шаҳри Андиҷон ҳазорон нафар ҷамъ омада, ба зидди сиёсати давлати Узбакистон эътироз карданд ва ба гуфтаи шоҳидон, маъмурони интизомӣ ба сӯи ин издиҳом оташ кушоданд. Тибқи оморҳои мухталиф, дар натиҷаи хушунатҳо дар Андиҷон аз 30 то 500 нафар кушта шудаанд. Қисме аз сокинони ин шаҳр ба Қирғизистони ҳамсоя фирор кардаанд, аз ҷумла гурӯҳи Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, ки аз маҳалли Сузаки Қирғизистон макони фирориён дидан кардааст, мегӯяд, ки 560 фирорӣ дар он ҷо ҷамъ омадаанд ва 18 нафари онҳо захмӣ ҳастанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Андиҷон мегӯяд, дирӯз дар ин шаҳр ду нафар аз ҷумла як духтари 15-сола таввасути сарбозони давлат кушта шудаанд. Ҳукумати Ислом Каримов - раиси ҷумҳури Узбакистон хабарҳоро доир ба оташфишонӣ ба сӯи тазоҳургарон рад намуда, вале ҳамзамон мақомоти расмӣ вуруди хабарнигорон ба минтақаҳои ҳодисаҳоро маҳдуд кардаанд.
XS
SM
MD
LG