Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оромии нисбӣ дар Андиҷон


Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, дар шаҳри Андиҷон ду рӯз баъд аз даргириву хушунат, ки мунҷар ба ҳалокати теъдоди зиёди одамон шуданд, оромии нисбӣ ба назар мерасад. Хабарнигори Радиёи Озодӣ Садриддин Ашӯров аз ин шаҳр иттилоъ дод, ки майдони марказии шаҳр таҳти назорати нерӯҳои амният ва низомиён қарор дорад: "Майдони марказӣ, ки ҷои баргузории тазоҳуроти рӯзи ҷумъа буд, таҳти назорати нерӯҳои низомии ҳукуматӣ қарор дорад. Вазъи Андиҷонро дар ҳоли ҳозир ба таври пурра ҳамин нерӯҳои низомӣ назорат мекунанд."
Дар мавриди он ки бар асари задухурдҳо ва аз сӯи мақомоти амният тирборон шудани издиҳоми чандҳазорнафари тазоҳургарон чанд кас кушта шудааст, то ҳол иттилоъи дақиқ мавҷуд нест. Мақомоти Узбакистон теъдоди қурбониёнро ҳудуди 30 нафар ном мебаранд. Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон бегоҳи шанбе ба хабарнигорон гуфт, ки дар задухӯрд бо ошӯбгарон 10 тан аз пулис ва низомиён кушта шудаанд.
Ва аммо шоҳидони фоҷиа ва гурӯҳҳои дидбони ҳуқуқи башар теъдоди кушташудагонро то 500 нафар арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, аксари онҳо мардуми бесилоҳ буданд.
Хушунат дар Андиҷон ҳазорон одамонро маҷбур кард, ки ба Қирғизистони ҳамсоя фирор кунанд. Дар қисмати узбакистонии шаҳри марзии Қаросу дар як тазоҳурот мошинҳои пулис ва биноҳои маъмурӣ ба коми оташ кашида шуданд. Гуфта мешавад, бархе аз паноҳандагон бо вуҷуди баста будани марз, ба қаламрави Қирғизистон гузаштанд.
XS
SM
MD
LG