Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқилобҳои рангин, аҳзоби бегона, сарнавишти Белорус, ҷабри бепоёни муҳоҷирон


«Бизнес и политика» нашрияи русизабони чопи Душанбе аз қавли Ричард Ҳоугленд - сафири Амрико дар Тоҷикистон навиштааст, ки демократия ба ҳеҷ ваҷҳ ҳаммаънои мафҳуми инқилоби рангин нест. Ба гуфтаи Ричард Ҳоугленд, ин андеша маҳсули тафаккури мақомоти кишварҳоест, ки мехоҳанд, аз ин роҳ мардуми худро бифиребанд. Сафири Амрико гуфтааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рушди демократия дар ҳар кишвари дунё ҷиддан пуштибонӣ менамояд, аммо ин пуштибонӣ афзудааст ӯ, на ба хотири он аст, ки ҳукуматҳои мавҷуд дар ин кишварҳо аз байн бурда шаванд.

«Зиндагӣ» ҳафтавори вижаи ҷавонон нигоштааст, ба мисоли Гурҷистон, Украина ва Қирғизистон сурат гирифтани таҳаввулоти демократӣ дар ояндаи наздик дар ҷумҳурии Белорусия ногузир аст. Бино ба навиштаи ин ҳафтанома сиёсати кунунии президент Буш дар мавриди густариши демократия оҳиста, вале дурусту ҳисобӣ дар собиқ кишварҳои шӯравӣ мавриди иҷро қарор мегирад.

"Азия Плюс" аз мушкилоти сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия навишта, ёдовар шудааст, дар ин роҳ на танҳо шаҳрванди оддии Тоҷикистон, балки мансабдорони баландпояи он низ бо таҳқиру азияти мақомоти русӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Ин ҳафтавор аз қавли Фаррух Насимов - муовини додситонии нақлиёти Тоҷикистон навиштааст, таҳқиру озор ва тамаъҷӯӣ аз мусофирони қатораи Душанбе-Астрахан ба ҳангоми убур аз қаламрави Русия имрӯз ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст.

«Тоҷикистон» дар матлабе аз шеваи фаъолияти ҳизбҳои сиёсии кишвар интиқод намуда, онҳоро ба он чӣ ки пиёда сохтани аҳдофи бегонагон хондааст, муттаҳам намудааст. Муаллифи матлаби «Тоҷикистон» бидуни ишораи мушаххас афзудааст, имрӯз дар Тоҷикистон «гурӯҳҳои хоси сиёсӣ бо мафҳумҳои ишоратӣ» вуҷуд доранд, ки мехоҳанд, аз роҳи эҷоди фитнаву таҳлука ва нооромсозии вазъ ба қудрати сиёсӣ бирасанд.
XS
SM
MD
LG