Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Духтарони оқшуда: иштибоҳи фарзанд ва ё иштибоҳи волидон


Модар ин суханонро бо қотеъияти олуда ба хашм ба забон овард, аз обрӯрезӣ ва таънаи атрофиён ёдовар шуд ва такрор ба такрор гуфт, ки аз дидори ин гуна фарзанд безор аст, аз баҳраш гузаштаасту ӯро дубора ба хона роҳ намедиҳад. Ваҷоҳати модар тавре буд, ки ба назар мерасид, ҳеҷ вақт, ҳеҷ касе ва ҳеҷ чизе наметавонад ӯро, ки мегӯяд духтарашро оқ кардааст, аз райъаш баргардонад. Модар мегӯяд, ки духтараш барои ӯ мурдааст, духтар мегӯяд, иштибоҳ кард, ва мехохад ба хона баргардад:

"Ман пушаймон шудагиям, то кая ман дар кӯчаҳо хоб меравам. Рӯзе мешавад, ки дар зери таҳхонаву даруни подъездҳо шабро рӯз мекунем."

Баъди сӯҳбат бо модару духтар маро пурсише гирифтор кард, ки оё сарнавишти ин духтари ноболиғ, ки бо ҳадафи фирор аз мушкилоти камбизоатӣ, хушии рӯзгорро дар танфурӯшӣ ҷуста ва билохира ба сиёҳтарин сарнавишт рӯ ба рӯ шудааст, чӣ хоҳад шуд. Ва оё ин ҳалқаи сарбаста роҳи берун рафтан дорад ё не. Оё "оқ" чӣ маънӣ дорад, ин чӣ таҷрибаест, ки баргашт надорад?

Тибқи қавонини Тоҷикистон давлат ва падару модар дар якҷоягӣ масъули сарнавишти ноболиғони мушкилтарбияро дар дӯш доранд ва масҷиду сарвари маҳаллаҳо дар ин ҷода ба онҳо кӯмак мекунанд. Бори сарнавишти ноболиғони мушкилтарбия, ки маъмулан волидайн дар нахустин марҳилаи душворӣ аз онҳо шона холӣ мекунанд, комилан ба дӯши давлат меафтад. Аммо давлат тарбияи онҳоро танҳо то хатми мактаби махсус бар дӯш мегирад ва баъди хатми мактаб, яьне дар сини 17 солагӣ, онҳо дубора дар чорроҳаи зиндагӣ танҳо ва бе мутако, бе ҷойи кор, бе таълиму тадрис ва бе сарпаноҳ мемонанд. Ва ягона роҳе, ки бақои зиндагии ин гуна духтарҳоро таъмин мекунад, роҳ ба сӯи бозори танфурӯшӣ аст.

Падару модар умдатан ба хотири тарсонидани чашми фарзандони дигар ва ҳамчунин аз шарму ҳаё дар баробари ҳамсояҳо, хешу табор бо шиори "оқ кардаам" аз бозгашти духтари гумроҳ ба хона худдорӣ мекунанд.
Билохира "оқ" чӣ қонунест ва чаро он роҳи баргашт надорад?

Эшони Абдулбасир, эмомхатиби масҷиди ҷомеъи «Шоҳмансур» дар шарҳи мафҳуми "оқ" чунин мегӯяд:

«Оқ» мазмун надорад. Оқ дар он сурате мешавад, ки вақте фарзанд нисбати волидон беэҳтиромӣ мекунад, ё падару модар аз ӯ норозӣ ҳастанд. Аммо фарзанд аз рӯи падару модар чанд ҳуқуқ дорад:
-дар ҳолати хурди ӯро тарбия кардан ва ба воя расонидан,
-аз ҳама муҳимтараш таълими илм кардан аст, ки фарзанд соҳибмаълумот бошад.
Дар акси ҳол, Расули акрам (С) фармудаанд, ки рӯзи қиёмат фарзандон метавонанд, аз волидон домангир бошанд.»


Дар сӯҳбат бо модаре, ки аз баҳри духтараш гузаштааст ва ба гуфти худаш духтарашро "оқ" кардааст, аз вазоифи волидайн ёдовар шудам ва аз гуфтаҳои Эшони Абдулбасир намуна овардам. Модар бо таваҷҷӯҳ гӯш гард, аммо мавқеъашро тағйир надод:

«Падараш шаробхор баромад, гапма гӯш накард. Дар хона камбуди бисёр. Мана дигар қувватам намерасад, ки ура аз роҳи бад гардонам. Вая падар мегардона, падараш, ки ба ҳамин роҳ рафт фарзандаш чӣ мешава? Мана дастам кӯтоҳ, тайи сангай ман ҳеҷ илоҷ надорам!!!!.»

Духтари ин зан то ҷое гуфтаҳои модарро тасдиқ кард ва гуфт, ки сабаби аслии по ниҳодан ба ҷодаи танфурушӣ ҳамин падар ва муносибати носолими ӯ бо фарзанд будааст:

«Ман мехостам, ки ислоҳ шавам. Чунки аз ин кор ҳеҷ фоидаш нест. Лекин мана дар хона мезаданд, падарам як рӯз мана заду гуфт наист дар хона ва мана аз дар берун кард..»

Аксар духтарони раҳгумзада, ки ман бо онҳо сӯҳбат доштам, мегӯянд, ки аз шину хез дар маъракаҳои носолим ва ишратпарастона ва дустӣ бо нафарони беҷову берӯ ба ин рӯз расидаанд. Як мусоҳиби ман аз мактаби махсуси бачаҳои мушкилтарбияи Тоҷикистон қисса кард, ки ӯро нахуст дугонааш бо роҳи фиреб ба маъракае бурдааст, гурӯҳе ӯро дар ин маърака таҷовуз кардааст. Баъди ин ҳодиса сутуни эътимоди ӯ ба зиндагӣ шикаста ва мафҳуми ҳаёт барояш бетафовут шудааст. Ҳоли ӯ низ мисли аксар духтаракҳои танфурӯш аст. На роҳе дорад, ки ба хонаи волидон баргардад ва на пуштибоне дорад, ки ӯро ғамхорӣ кунад.

Танҳо дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ 15 духтари ноболиғ ба сар мебаранд, ки аксаран танфурӯширо аз синни 11-12 солагӣ шурӯъ кардаанд. Ин гуна духтарон ғолибан дар нуқтаҳои мушаххас, дар маҳаллаҳои серодам, ки мардуми пулдор дар онҷо ба сар мебаранд, ҷамъ меоянд.

Қосим Саидов, ҷонишини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, онҳо ин гуна духтаронро ба феҳрасти махсус ворид месозанд:

"Мо онҳоро дар таҳти назорати шӯъбаи корҳои дохилӣ гирифтаем. Фоҳишаҳоро ташхиси тиббӣ мегузаронем, то ин ки онҳо ба касалиҳои сироятӣ мубтало нагашта бошанд."

Қонуни ҷазои Тоҷикистон фоҳишагариро нақзи тартиботи ҷамъиятӣ мешуморад. Пулис бо ташкили рейдҳои махсус фоҳишаҳоро боздошт мекунад, ба манзури доштани маризиҳои зуҳравӣ аз муоинаи духтур мегузаронад ва ҷарима мекунад. Ин амал дар асоси банди 238-239- и Қонуни ҷазои Тоҷикистон танҳо дар ҳоле ҷинояти ҷиддӣ арзёбӣ мешавад, ки агар шахсе нафареро бо роҳи фиреб ба фоҳишагӣ ҷалб намояд ва фоҳишахона ташкил кунад. Аз сӯи дигар теъдоди фоҳишаҳои ноболиғ кам нест ва ҳамхобагӣ бо духтари ноболиғ аз 5 то 8 соли зиндонро дар назар дорад. Вале ба гуфтаи ҳуқуқшиносон дар Тоҷикистон кам андар кам иттифоқ меафтад, ки нафареро барои ҳамхобагӣ бо фоҳишаи ноболиғ муҷозот кунанд. Яъне механизми ҷиддии мубориза бо фоҳишагарӣ махсусан дар байни ноболиғон вуҷуд надорад.

Вилоят Мирзоева - як намояндаи СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, барои кӯмак ва пуштибонӣ аз духтарони қурбонии бозори фаҳш, дар Тоҷикистон чанд масъаларо бояд ҳал кард:

«Агар мо мафкураи мардумро тағйир надиҳем, бо қабули қонунҳои беҳтарин ҳам ба ҳадаф нахоҳем расид. Бо духтарону ойилаҳои онҳо бештар корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ бояд монд. Лекин танҳо бо кӯмакҳои ройгони ҳуқуқиву равонӣ мо наметавонем мушкилиашонро ҳал кунем. Дар баробари ин мушкилоти иқтисодии кишварро ҳал бояд кард ва то андозае барои баланд шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат намуд. Дар акси ҳол агар онҳо ба ҳаёти солим баргарданд ҳам, вале дар сурати набуди ҷойи кори мувофиқ ва пули кофӣ барои таъмини рӯзгор боз ба ҳамон роҳи ба қавли ҳамаи мо нодуруст ва аммо барои онҳо ягона роҳи наҷот бармегарданд.»

Вилоят Мирзоева гуфт, мардумро бояд дар баробари сарнавишти духтарони раҳгумзада бетараф набошад ва онро ҷиддан пайгирӣ намояд.

Давлати Тоҷикистон чанд идораи махсусро масъули ҳалли мушкилоти ҷавонон эълон кардааст. Аммо ин ниҳодҳо дар амал фаъолияти муассир надоранд ва ширкати онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷавонон аз қабили ҳамин духтарҳои танфурӯш ба ҷуз аз зикри мушкилот дар ҷаласаҳои солона чизи дигаре нест.

Дилшод Қурбонов, сардори идораи сиёсати иҷтимоии Кумитаи кор бо ҷавонон дар ҳалли ин мушкилот бори аслиро бар души ҷомеъа гузошт, вале бо эътирофи густариши фоҳишагарӣ дар байни духтарҳои ҷавон як пешниҳоди мушаххасро матраҳ намуд.

Ӯ дар пайи таъсиси созмонест, ки ноболиғони танфурӯшро аз кӯчаҳо ҷамъ мекунад ва дар марҳилаи аввали бозгашт ба зандагии солим имконотеро дар ихтиёри онҳо мегузорад: "Кӯшиш мекунем, ки онҳо як касберо омӯзанду зиндагиашонро ба низом дароранд."

Эшони Абдулбасир имомхатиби масҷиди ҷомеъи Шоҳмансур мегӯяд, масъулияти бештар ба дӯши падару модар аст ва онҳо бояд фарзандони худро ба оила баргардонанд: «Волидон бояд аз айби дунёӣ наҳаросанд ва балки айби охиратро бияндешанд, ки дар назди Худованд онҳо аз он фарзанди худ масъуланд.»

Ба ин тартиб метавон гуфт, ки роҳҳои берун рафтан аз ин бунбаст вуҷуд дорад, ба шарте ки ҷонибҳо, ҳукумат, масоҷид, созмонҳои ғайридавлатӣ ва хешу табор дар якҷоягӣ амал кунанд ва ҳар ҷонибе масъулияти худро софдилона ва сидқан ба ҷо биёрад. Ин гузоришро бо суханони Юкие Мокио - раҳбари дафтари Бунёди ҳимоят аз атфоли Созмони Милал дар Душанбе UNIСEF ба анҷом мерасонам, ки мегӯяд:

«Ҳангоме, ки кӯдакон дар низоъ бо қонун қарор мегиранд, маъмулан одамон ва умуман ҷомеъа онҳоро айбдор мекунанду кӯшиш мекунанд аз онҳо дур бошанд. Лекин ҳаминро фаромӯш набояд кард, ки ҳеҷ кас аз модар дузду танфурӯш ва ё ҷинояткор ба дунё намеояд. Балки ӯҳдадории тарбияи онҳо ба дӯши, волидон, ҷомеъа ва ҳукумат мебошад.»
XS
SM
MD
LG