Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони собиқи корӣ: "Саъйи комил дар ҳама ҷо ҳосил медиҳад."


Маҳмадулло Самиев - ҷавони бисту ду солаи тоҷик тирамоҳи соли гузашта баробари дигар муҳоҷирони корӣ аз Маскав ба Душанбе баргашт вале баҳори имсол, бо оғози мавсими ҳиҷрати корӣ дигар ба Русия нарафт ва рафтанӣ ҳам нест:

«Чунки дар онҷо азоб медиҳанд. Милисаҳо медоранд бе ягон асос, ҷарима мегиранд.»

Маҳмадулло дар яке аз деҳоти канори Душанбе зиндагӣ мекунад ва ҳамакнун як бизнес - плане таҳия кардаасту мехоҳад бо кӯмаки ягон созмоне онро пиёда гардонад. Маҳмадулло мехоҳад, хоҷагии хурди замбӯрпарварӣ ташкил намояд:

"Барои масалан сӣ оилаи замбӯр ташкил кардан, ки дар он ҳамагӣ як мутахасис ва як ёрдамчӣ кор мекунанд, 5.800 сомонӣ пул лозим аст. Мутахассис ба ман гуфт, аз ҳар як оила 80 - 100 кило асал мегирӣ, вале ман инро ҳисоб накардам, ман минимум ҳисоб кардам, ки агар ман аз ҳар як оила панҷоҳ килоӣ асал гирам. Ин мешавад яку ним тонна асал. Дар бозор як кило асал аз даҳ то понздаҳ сомонӣ аст. Ман ба нархи арзонтар, ана ҳафт сӯмӣ мефурӯшам. Ин ҳама хароҷоти маро мепӯшонад, ба ман фоидааш мемонад."

Хайруллои 27-сола, як нафар муҳоҷири собиқи дигар баъд аз чанд соли ба истилоҳи худаш Русиягардӣ пайроҳаи вижаи худро дар ватан дарёфт. Як сол қабл дар яке аз бозорҳои Душанбе Хайрулло нахустин ошхонаи миллии худро боз кард, кораш равнақ гирифт ва имрӯз ӯ ду ошхона дорад, мехоҳад сеюмашро кушояд ва ҳам як бригадаи сохтмонӣ ташкил карда онро сарварӣ мекунад:

«Ҳама кор дар аввал душворӣ дорад. Ин ҷо коғазбозӣ, даводав, коргар гирифтан, то рафти корро ёфтан душворӣ ҳаст, вале баъд роҳаш ёфт мешавад.»


Дар маҷмӯъ, Хайрулло имрӯз ба қариб бист нафар ҷои кор додааст. Вале ҷавонони ба мисли Хайрулло имрӯз ангуштшуморанд. Ҷавононе, ки беҷуръатӣ ва ҳисси худбаҳодиҳии пасти худро паси сар кардаанд, бо иродаи қавӣ ба Русия ва таҳқиру вазъи сангини он ҷо БАС АСТ гуфтаанд, ва имрӯз як пора нони худро дар кишвари худ меҷӯянд. Ва ба дигарон низ ҷои кор фароҳам меоваранд. Бо вуҷуди ҷомадон - ҷомадон мушкилоти Тоҷикистон, онҳо дар фикри соҳиб шудан ба ҳаққи худ дар ватан ҳастанд.

Қиссаи дигар аз Алиҷон Солиев аст. Ӯ 26 сол дорад. Пас аз талоши бебарори дохилшавӣ ба донишгоҳ роҳи Русияро пеш мегирад:

"Соли 1996 ба донишгоҳи славянӣ натавонистам, соли 1997 ба донишгоҳи миллӣ натавонистам дохил шавам ва соли 1998 ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудам."

Таътилҳои тобистонаи худро низ Алиҷони акнун донишҷӯ дар Русия мегузаронид. Алиҷон соли гузашта донишгоҳро хатм кард. Ҳоло ӯ сарвари созмони ҷамъиятии «Позитив» аст ва дар самти траффику муҳоҷират кор мебарад, ҳамин ахир нахустин хадамоти ҷустуҷӯиро дар Тоҷикистон таъсис дод ва ба ҷустуҷӯи одамон машғул аст, декабри соли гузашта бо ибтикору талоши ӯ нахустин кунгураи ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд ва ҳам ҳаракате бо номи иттиҳоди волонтерони ҷавони Тоҷикистон таъсис шуд.

Хуршеди Атовулло - журналисти маъруфи ҷавон, ки ҳамчунин дар гирди худ имрӯз ҷавононро ҷамъ меоварад, низ таъми ҳиҷрати кориро чашидааст. Чеҳраи аллакай дар олами журналистика шинохташуда дар маҷмӯъ чанд сол дар Русия ба мисли ҳамаи дигар ҷавонон ба ҳар кори пешомада даст мезад, то маблағ ба даст орад ва ҳар гуна шароити сангини зист ва муносибатро таҳаммул мекард. Вале косаи сабри ҳеҷ нафаре, ки сарпӯшида нест.

Хуршед мегӯяд, на танҳо Русия манбаъи кор ва даромад буда метавонад барои нафари сертаҳаррук. Хуршеди Атовулло ҳоло сардабири ягона нашрияи вижаи ҷавонон мавсум ба «Зиндагӣ» ва муассиси ягона маркази тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон аст ва ҳамаи кормандонаш низ ҷавон ҳастанд.

Аксарияти мухлисони як муҳоҷири собиқи дигар ва аммо имрӯз як ҷавони муваффақ Фирӯз Эмомов низ ҷавононанд. Доктор Эмфир - танҳо рэпхони тоҷик аст, ки имрӯз бе ҳеҷ рақибе дар тахти рэпи тоҷикӣ нишаста дар олами рэпи тоҷикӣ салтанат меронад. Ӯ мегӯяд, ӯро низ таҷрибаи талхи мардикорияш дар Русия то ба ин тахт бардоштааст:

«Ғарибӣ ҳаст ғарибӣ. Ба ҳамаи корҳо мо машғул будем дар он ҷо, то ки гурусна намонем, белибос намонем.»

Фирӯз суруде дорад, дар бораи Русияравии тоҷикбачаҳо. Ва дар он суруд Фирӯз ба худ қавл медиҳад, ки бармегардаду дар ватан мешавад бачаи зӯр, бачаи нағз... Тоҷикистон имрӯз ба бачаҳои нағзи тоҷик ниёз дорад, ба бачаҳои боҳушу донишманду кордон.
XS
SM
MD
LG